ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР АВТОБУСУ ТРОЛЛЕЙБУСҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ: ЧӢ ХЕЛ, КАЙ, БАРОИ ЧӢ? Ҷавоб ба ин суолҳо — дар шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар»

Март 31, 2018 08:01

ДУШАНБЕ, 31.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 апрели соли равон  дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе —  автобусу   троллейбус  пардохти роҳкиро  пурра     ба шакли  ғайринақдӣ, дар айни замон  ба воситаи  корти ягонаи  Cityсard ба роҳ монда мешавад.  Ин иқдом дар асоси татбиқи  лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ  мешавад.

Хотиррасон менамоем, 14 феврали ҳамин сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд. Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат  лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуд. Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 феврали соли 2018  бо фаъолияти корхонаи «АКIA AVESTO» шинос гардиданд.

Тавре дирӯз аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Авесто — гурӯҳ»   дар доираи амалишавии ин лоиҳа дар тамоми 285 автобусу троллейбуси пойтахт  автобусу троллейбусҳои мусофирбари   пойтахт   валидаторҳо  насб  намуданд.

Ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта,  онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода месозад. Мусофир қабл аз ворид шудан ба автобус ё троллейбус  корти роҳкироро дастрас намуда,  ҳангоми ворид шудан ба воситаи нақлиёт онро  болои    валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ  дар табло  калимаи «раҳмат» ва  дар сурати набудани  маблағи зарурии  пардохт дар корт истилоҳи «қабул нашуд» пайдо мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат хоҳанд кард. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад  маблағи роҳкироро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид (чек) гирад.

Мутахассиси пешбари шуъбаи  равобит  бо аҳолӣ ва ахбори оммаи МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»  Қурбон Холов иброз дошт, ки  гузаштан ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои мусофирон   аз лиҳози сарфакорӣ мусоид ва барои пардохт мувофиқ буда, ба баланд бардоштани сатҳу фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намуди воситаҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт  тавассути маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи воситаҳои  нақлиёт дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти мусофирон, кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар воситаҳои нақлиёт мусоидат менамояд.

«Мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд аз ронанда, назоратчӣ, ҳамчунин аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ  дастрас намоянд. Дар автобусу троллейбусҳо мониторҳои  иттилоотӣ бо нишон додани масири  хатсайр ва истгоҳҳо амал мекунанд. Барои нафақахӯрон ва афроди дорои имконияти маҳдуд кортҳои имтиёзнок ҷорӣ шудаанд. Кортҳои пардохтҳои электронии роҳкироӣ ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, дар заминаи он кортҳои имтиёзнок барои донишҷӯёну хизматчиён, инчунин иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони имтиёздор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда тақсим мешаванд»,- афзуд Қ. Холов.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани  корт барои 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус   барои донишҷӯён 30 фоиз,  барои дигарон 15 фоиз  тахфиф  пешниҳод мешавад. Хамчунин  меҳмонону  сайёҳони хориҷӣ     метавонанд аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ   кортҳои кӯтоҳмуҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар  мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомониро дастрас намоянд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Март 31, 2018 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид