ПЕШГОМУ ПАРЧАМБАРДОРИ МАТБУОТ. «Ҷумҳурият» тӯли беш аз навад сол боре ҳам тағйири марому мақсад ва ҳадафҳои бузурги давлатсозиву миллатсозӣ накардааст

Март 15, 2018 19:00

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурият» тӯли муддати дарози фаъолият тавонист мактаби худро ба вуҷуд оварад ва дар тарбияи мутахассисони соҳа хидмати бузург ба анҷом расонад. Рӯзнома дар ин муддат вобаста ба сохти сиёсӣ ва талаботи давр агарчи борҳо тағйири ному алифбо намуда бошад ҳам, тағйири марому мақсади худ, ки давлатсозиву миллатсозӣ мебошад, накардааст.

Ин матлаб имрӯз  дар ҷамъомади  тантанавӣ, ки бахшида ба 93-солагии таъсиси нашрияи расмии «Ҷумҳурият»  дар толори «Шарқи озод» баргузор гардид, садо дод. Дар  ҷамъомад    мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи   журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррирони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони «Ҷумҳурият» ширкат варзиданд.

Мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки «шахсиятҳои барҷаставу маъруф, чун қаҳрамонҳои Тоҷикистон, устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода аз муаллифони фаъоли рӯзнома буданд, ки дар пойдории миллат, шукуфоии кишвар ва боло бурдани сатҳи маърифати мардум саҳми бориз гузоштаанд».

Ҳамчунин таъкид шуд, ки рӯзномаро дар солҳои гуногун адибон, шахсиятҳои маъруфи сиёсиву фарҳангӣ, мисли Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Муҳаммад Ғоиб сарварӣ кардаанд. Адибони маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғоиб Сафарзода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Салимшо Ҳалимшо, Абдулҳамид Самад, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Мутеулло Наҷмиддинов, Зиё Абдулло ва Ширин Бунёд низ  дар ҳамин даргоҳ фаъолият доштанд.

Чанд рӯз қабл сармуҳаррири «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода бо қарори Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Сармуҳаррири сол» эълон гардид ва сарвари мушовараи сармуҳаррирон таъйин шуд. Мавсуф дар ҳамоиш бо изҳори сипос таъкид дошт, ки «сиёсати созанда ва дастуру роҳнамоии муассиси рӯзнома, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки аз ин минбари баланд ба хотири пойдории давлату миллат, шукуфоии кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа дуруст ва сари вақт истифода барем».

Дар ин рӯз як гурӯҳ кормандони фаъоли рӯзнома  барои саҳми намоён дар рушди матбуоти кишвар бо унвонҳои «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  ифтихорномаҳои  Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 15 марти соли 1925, яъне 93 сол пеш дар шаҳри Душанбе бо номи «Иди тоҷик» нашр ва дастраси хонандагон гардид.  Соли 1995 он мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва 14 марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуд.

Ҳоло ин рӯзнома  ҳар  ҳафта 5 маротиба бо теъдоди наздик ба 47 ҳазор нусха аз чоп мебарояд.

 

 

Март 15, 2018 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд