Президенти Тоҷикистон: «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва илмию техникӣ омили муҳими наздикшавии фарҳангии давлатҳо ва халқҳои минтақа мегардад»
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва илмию техникӣ омили муҳими наздикшавии фарҳангии давлатҳо ва халқҳои минтақа мегардад. Ин матлабро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, зикр намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории минтақавиро аз заруратҳои бебаҳси замон номида, аз дигаргуниҳои мусбати вақтҳои охир дар ин самт баамалоянда изҳори қаноатмандӣ намуданд. Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии қатъии тамоми кӯшишу талошҳо бо мақсади истифодаи имкониятҳо баҳри рушди тарафайни кишварҳои минтақа мавқеи устувори худро эълон доштанд.
Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, минтақа дорои имкониятҳои бузурги истифоданашуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн мебошад.
Дар робита ба ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои дахлдорро баҳри аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда дар роҳи таъмини рафтуомади озоди сокинони минтақа, табодули мол, қувваи корӣ ва сармоя муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитӣ барои тарафҳо муфид номида шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






