Профессор Аслиддин Низомов: «Зиёии асил Устод Айнӣ мебошад, ки дар душвортарин шароити Аморати Бухоро ба воя расид, вале ҳеҷ гоҳ хурофотпараст нашуд»
ДУШАНБЕ, 18.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Ҳамасола дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз чун рамзи неки наврӯзӣ мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар доир мегардад. Бояд гуфт, ки эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошад.
Сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан, ҳисси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан рисолати ҳар як зиёии ватандӯст ба шумор меравад. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба аҳли зиё такя карда, ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ менамояд. Зеро зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд. Дар робита ба ин мавзӯъ мо суҳбате доштем бо доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов, ки пешкаши хонадагон мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Зиёиёнро чароғи маърифат меноманд. Дар ҳама давру замон, ҳатто дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи миллатамон аҳли зиё бо эҷоди худ вазъи замонро таҷассум менамуданд, мардумро ба некбинӣ моил мекарданд. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди техникаву технология, воситаҳои сершумори иттилоотӣ киро зиёӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳамон рисолати бузурги таърихиро бар дӯш бигирад?
Аслиддин Низомов: Тайи садсолаҳои зиёд аҳли зиё, шоирон, нависандагон, олимон, шахсиятҳои бузурги миллати мо ҳамчун зиёӣ ба Ватан, ба миллат, ба кишварашон хизмат мекарданд. Дар тӯли садсолаҳо ҳифз шудани забони модарии мо нишонаи он аст, ки маҳз бо талошу заҳмати ҳамин зиёиёни бузург забони мо ба талотумҳои таърих, воқеаҳои сахту сангини ҳар давру замон тоб оварда, то ба замони мо бо покизагию асолат ва мазмуни баландаш омада расид. Дар асрҳои XIX-XX агар ба чеҳраи як иддаи бузурги зиёиёни мо диққат афканем, мебинем, ки ҳам Аҳмади Дониш, ҳам Устод Айнӣ ва дигар бузургон маҳз ҳамчун зиёӣ масъулияти худро эҳсос кардаанд. Бубинед, ки онҳо дар душвортарин лаҳзаҳои таърих ва душвортарин замон зиндагӣ мекарданд. Масалан, устод Айнӣ дар давраи ҷавониашон дар як фазои пур аз хурофоту таассуб умр ба сар бурданд, лекин бубинед, ки бо навиштани роману повест, шеърҳо ва офаридани асарҳо барои мардум хизмати бузурги таърихӣ анҷом доданд. Худи як мақолаи бузурги Устод Айнӣ «Назаре ба гузаштаи санъати халқи тоҷик» аввалин асари санъатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Устод Айнӣ дастпарвари мадраса буданд, аммо эҳсос мекарданд, ки фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик ҷанбаҳои хеле бою бузург дорад, дар бораи шашмақом, фалак, дар бораи роғҳою созҳои мусиқӣ, дар бораи Акашариф Ҷӯраев, дар бораи дигар устодони ҳунар мақолаҳо навиштанду таваҷҷуҳи мардумро ба ин соҳаи ҳаёти фарҳангӣ ҷалб карданд, ки ин ҳам яке аз хизматҳои бузурги Устод Айнӣ буд. Ба андешаи ман, сифати аввалин, сифати шояд асоситарини зиёӣ- ин донистани забони модарии худ, махлут накардани суҳбат ва забон бо калимаҳои забонҳои дигар ва бо ин забон баён кардани маъниҳои амиқи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, меҳру муҳаббати ҳамдигар ва ғайра мебошад.
Мо худ шоҳид будем, ки ҳам Устод Айнӣ, ҳам Турсунзода ва ҳам Улуғзода дар замони Шӯравӣ, ки дар он давра истифода аз калимаҳои русӣ он қадар боиси мазаммат намешуд, дар суҳбатҳои худ ягон маротиба аз калимаҳои забонҳои дигар истифода намекарданд. Яъне бинед, ки онҳо аёну ноаён кӯшиш мекарданд, ки покизагии забонро, ки рукни асосии тамаддуни мо ба ҳисоб меравад, риоя кунанд ва ҳифз намоянд. Бузургтарин хизмати онҳо барои ба мардум дастрас кардани анъанаҳои забони модарӣ дар асри XX ҳамин буд. Яъне онҳо худашонро ҳамчун зиёӣ, ҳамчун хизматгори халқ ё чӣ хеле ки мегӯянд, ҳамчун равшанкунандаи роҳи мардум нишон доданд.
АМИТ «Ховар»: Дар раванди пуршиддати ҷаҳонгароӣ ва бархӯрди тамаддунҳо омилҳое вуҷуд доранд, ки бахусус дар зеҳни насли ҷавон бегонапарастиро таҳмил кардан мехоҳанд. Дар ин муқовиматҳо сипаре бо номи худшиносии миллӣ ҳаст, ки метавонад дар муқобили ин ҳама омилҳои номатлуб истодагарӣ намояд. Масъулияти аҳли зиёи кишварро дар таҳкими худшиносии миллӣ дар чӣ мебинед?
Аслиддин Низомов: Ҳар як давру замон барои зиёиён як вазифа, як масъулият ва як тақозои нав пешниҳод мекунад. Ва дар замони Истиқлолият мо бояд ифтихор кунем, ки аввалин маротиба дар таърихи башар Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу мустақил ба пайкари ҷаҳон ҳамроҳ шуд ва Тоҷикистонро шинохтанд. Шояд пештар низ медонистанд, ки дар Осиёи Миёна ҳамин гуна тамаддун аст, ҳамин гуна халқ аст, шеър аст, адабиёт аст, аммо ҳамчун давлат моро танҳо бо шарофати Истиқлолият шинохтанд. Шумо хеле дуруст гуфтед, ки ҷараёни хеле пуршиддати ҷаҳонишавӣ ба зиёиёни замони Истиқлолият низ тақозои вазифаҳои навро пешниҳод мекунад.
Яке аз вазифаҳои асосии зиёиён дар ҳама давру замон- ин аз худ кардани падидаҳои бузурги тамаддун, фарҳанг, адабиёт, санъат ва бо фаъолияту эҷодиёти худ ба наслҳои оянда интиқол додани он мебошад. Бубинед, Устод Айнӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист адабиёти ҳазорсолаи моро дар як китоб ҷамъ орад. Ва бо ҳамин исбот кунад, ки ин халқ, ин миллат ҳамин гуна адабиёт дорад, ҳамин гуна шеър дорад ва дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамин гуна саҳми бузург дорад. Яъне он кас ҳамчун интиқолдиҳандаи ҳамон тамаддуни ҳазорсолаи мо ба наслҳои оянда хизмат карданд.
Имрӯз низ дар замони Истиқлолият дар назди зиёиёни мо айнан ҳамин гуна вазифаҳо меистанд. Мо бояд имрӯз чиро донем, кадом меъёрҳои фарҳангиро ҳифз кунем ва истифода барем? Бубинед, дар шароити замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон як муддат ҳамин хел шуд, ки дар байни мардум ба ивази падидаҳои фарҳанги дунявӣ, адабиёту санъат, мусиқиву театр ва китоб ақидаҳои хурофотӣ бештар паҳн шуданд. Баъде ки мардум бо шароити нави демократия, озодии сухан ва озодии виҷдон қонунан таъмин гардид, якбора дар байни онҳо хурофоти зиёд паҳн шуд. Имрӯз ва фардо яке аз вазифаҳои аҳли зиё аз он иборат мебошад, ки ана ҳамин хурофотпарастиро аз байни мардум бардоранд….
АМИТ «Ховар»: Бо кадом роҳҳо?
Аслиддин Низомов: Зиёӣ эҷодкор аст. Медонед, вақте зиёиёни эҷодкор мегӯянд, аҷиб аст. Академик Дмитрий Лихачёв дар як мақолааш менависад, ки чаро зиёиро эҷодкор мегӯянд? Магар зиёии эҷод намекардагӣ ҳам ҳаст? Нест! Ҳар як зиёӣ эҷодкор аст, духтур аст, инженер аст, муаллим аст, шоир аст, вай пайваста эҷод мекунад ва дар соҳаи худаш эҷодкор аст.
Ана ҳамин эҷодкорӣ аст, яъне эҷод кардани ақидаҳои нав, падидаҳои нав, асарҳои нав, роҳнамоӣ кардани ҷавонон, наврасон ба роҳи нек, то ки аз ақидаҳои бегонаи хурофотпарастӣ худро дур кашанд. Зиёии асил Устод Айнӣ мебошад, ки дар душвортарин шароити Аморати Бухоро ба воя расид, вале ҳеҷ гоҳ хурофотпараст нашуд. Садҳо мисолҳоро овардан мумкин аст, ки зиёии асил на танҳо худаш ба хурофот дода намешавад, балки мардумро низ аз хурофотпарастӣ ҳифз мекунад, кӯшиш мекунад, ки дар зеҳни мардум, бахусус дар зеҳни ҷавонон ақидаҳои бегона ворид нашаванд.
Ана ҳамин роҳ надодан ба бегонапарастӣ ва аз бегонапарастӣ ҳифз кардани ақлу заковати мардумро Сарвари давлатамон дар бисёр суханрониҳояшон гаштаву баргашта таъкид намуда, мегӯянд, ки бегонапараст нашавем. Хурофот ба мо аз куҷо пайдо шуд? Аз кишварҳои бегона, аз берун. Дар Тоҷикистон хурофотпарастӣ набуд, занҳо ҳеҷ вақт дар деҳот фаранҷӣ намегирифтанд ва аз мардҳо рӯяшонро пинҳон намекарданд. Дар кӯҳистон ин гуна расму одат ҳам набуд. Яъне инро аз берун ба мо ворид карданд.
АМИТ «Ховар»: Аксари кулли аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Бигӯед, ки дар деҳоти имрӯзаи мо зиёиён ҳастанд?
Аслиддин Низомов: Тавре гуфтем, падидаҳои хурофотпарастӣ дар деҳот набуданд ва агар имрӯз каме пайдо шуда бошанд ҳам, ин натиҷаи ҳамон таъсири беруна аст. Як замон устод Турсунзода мегуфтанд, ки аксари кулли олимон, шоирон, нависандагон ва аҳли зиёи Тоҷикистон зодагони кӯҳистону деҳот ҳастанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари кулли аҳолии мамлакати мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Баъзан чунин ақидаҳо пайдо мешаванд, ки гӯё аҳли зиё асосан дар шаҳрҳо пайдо мешаванд ва зиёиёнро аз шаҳрҳо кофтан даркор аст.
Ман ба ин ақида розӣ нестам. Зиёиён дар деҳот низ ҳастанд ва шояд дар деҳот зиёдтар бошанд ё худ фикр мекунам, ки дар деҳот талабот ба аҳли зиё нисбат ба шаҳр зиёдтар аст. Вале зиёӣ дар ҳар куҷое, ки бошад, рисолаташ ба мардум нишон додани роҳи рост ва ташаккул додани маърифати мардум аст.
АМИТ «Ховар»: Андешаи Шуморо ҳамчун санъатшиноси точик дар мавриди мусиқии электронӣ фахмидан мехостем?
Аслиддин Низомов: Замони Истиқлолият дастовардҳои хеле бузургеро насиби халқу давлати мо ва тамаддуни мо гардонд. Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият- ин дар баробари эҳёи адабиёт, эҳёи давлатдориамон, эҳёи расму оинҳои покизаву муфиди ҷомеа эҳёи санъати асили қадимии мо буд. Дар баробари ҳамин бубинед, ки Пешвои миллатамон ба эҳёи мусиқии шашмақом ва фалак таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд ва ин жанрҳои мусиқиеро, ки тайи ҳазорсолаҳо аз ҷониби аҷдодони мо офарида шудаанд, дастгирӣ карданд, то онҳо ҳарчи бештар дастраси мардум гарданд ва мардум аз онҳо истифода баранд. Вале мебинем, ки бо рушди технология ва рушди ҷаҳонишавӣ ба санъату мусиқии мо падидаҳои зиёде ворид шудаанд. Ман такрор мекунам, ки бисёре аз онҳо ногузир ворид мешаванд. Лекин бубинед, ки ҳамин мусиқии барқӣ, мусиқии электронӣ ё ҳамон созҳои барқӣ имрӯз қариб ки ҷойи ҳамаи созҳои мусиқиро гирифтааст. Ё худ эҷод кардани мусиқӣ тариқи воситаҳои компютерӣ имрӯз расм шудааст. Ҳатто дар бисёр ҷашну маросимҳои бошукӯҳ ва дар консертҳои расмӣ ба ивази созҳои миллӣ ё оҳангҳои асили миллӣ боз ҳам аз ҳамон мусиқии барқӣ истифода мебаранд. Ҳарчанд ки ман дар хотир дорам якчанд маротиба муҳтарам Президенти Тоҷикистон огоҳ карда буданд, ки истифодаи фонограмма дар консертҳо манъ карда шавад. Зеро истифодаи фонограмма ба рушди санъат, ба рушди ҳунар ва рушди истеъдодҳо зарари хеле бузург дорад. Масалан, ҳамон ҷавони соҳибистеъдод, соҳиби овози хуб, ки аллакай якчанд таронаи зебо сароидааст, вақте ки ба воситаи фонограмма ҳунарнамоӣ мекунад, вай дигар истеъдодашро гум мекунад. Зеро вай дигар тамошобину шунавандаро эҳсос намекунад ва шунаванда низ ӯро ҳамчун сароянда қабул намекунад. Ман фикр мекунам, ки ин раванд набояд ба муддати дароз идома ёбад. Ҷомеа пеши роҳи инро мегирад. Як марҳила мегузарад ва худи мардум низ ба мусиқии барқӣ нафрат пайдо мекунанд. Тавре ки имрӯз дар Ғарб мусиқии барқиро гӯш намекунанд. Ҳамон синтезатореро, ки имрӯз дар мо расм шудааст, дар кишварҳои Ғарб дар ягон ҷо- на дар тарабхонаҳо, на дар консертҳо ва на дар маҷлисҳо истифода намебаранд. Чунки онҳо аз ин марҳила гузаштаанд. Чизи дигар ин аст, ки дар консертҳо ҳамеша режиссёрҳои мо талаб мекунанд, ки ҳамаи сурудҳо бояд сурудҳои нав бошанд. Як ба хотир биёред яке аз сурудҳои машҳури русии «Подмосковные вечера»-ро, ки дар тамоми дунё мехонанд. Ин суруд 60-70 сол пеш, шояд бештар аз ин эҷод шудааст. Лекин суруд кӯҳна намешавад, роман кӯҳна намешавад, китоб, қисса, суруди хуб, албатта, кӯҳна намешавад. Аз сурудҳои беҳтарине, ки дар замонҳои пешина офарида шуда буданд, истифода бурдан айб нест. Ин сурудҳо дар зиндагии мо идомаи худро пайдо мекунанд. Бубинед, ки як ҳофизаи машҳуре, ки дар рӯзҳои консерти «Шоми дӯстӣ»-и Тоҷикистону Ӯзбекистон суруди «Муҳаббат»-и оҳангсози маъруфи тоҷик Шарофиддин Сайфиддиновро иҷро кард, онро мардум бо як шавқу шӯри беандоза қабул карданд, зеро он суруди хеле олиҷаноб буд. Гӯё ҳамон лаҳзаҳо, ҳамон солҳои пешине, ки мо бо ҳам дӯсту меҳрубон будем, ба воситаи иҷрои ҳамин суруд ҳамон рӯҳия, ҳамон эҳсосот тавассути ин суруд бори дигар ба дили мардум ҷой гирифт. Танҳо бо офаридани сурудҳои барқӣ ё электронӣ консертҳоро обод кардан душвор аст. Ҳамеша сурудҳои беҳтарин, оҳангҳои беҳтарин, асарҳои беҳтарин, аз ҷумла оҳангҳои миллии худамон бояд дар консертҳо ҷойи худро пайдо кунанд.
АМИТ Ховар: Яке аз падидаҳои нодиру бесобиқаи Истиқлолияти давлатии мо мулоқоти ҳамасолаи Президенти маҳбуби кишвар бо зиёиёни мамлакат мебошад. Фикр мекунам, ин хушбахтии аҳли эҷод аст, ки Пешвои миллатамон чунин инсони фарҳангдӯсту адабпарвар ҳастанд. Интизориҳои шумо аз вохӯрии навбатии бо Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аслиддин Низомов: Зиёиёни кишвар бояд бо доштани чунин Сарвари маорифпарвар, санъатдӯст ва ғамхори аҳли зиё ифтихор кунанд. Ман дар хотир дорам яке аз иқдомҳои бузурги Сарвари давлатро дар бораи дастгирии аҳли зиё ва умуман дастгирии фарҳанг. Ин иқдом чандин сол пеш буд ва он кас супориш доданд, ки дар муддати як сол дар тамоми ноҳияҳо мағозаи фурӯши китобҳо бунёд карда шавад. Аз ин пеш як замон китобҳо паҳну парешон шуда, мағозаҳои китоб хусусӣ гардонида шуда буданд. Роҳбари давлат бо ин иқдоми хеш, пеш аз ҳама, ба мавқеи китоб, нақши он дар рушди тамаддун ва рушди маърифат ишора карданд. Яъне аз ҳамон вақт сар карда, то имрӯз Сарвари давлат бо нависандагон, шоирон, аҳли зиё, композиторону рассомон хеле меҳрубононаю ғамхорона муносибат мекунанд, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Имрӯз бубинед, ки нашри китоб дар Тоҷикистон хеле афзудааст ва агар гӯем, ки китоб яке аз воситаҳои асосии маърифат аст, инро албатта, ҳеҷ кас инкор намекунад. Нашри китоб нисбат ба 15-20 соли пешин садҳо маротиба зиёд шудааст. Яъне, имрӯз ҳама намудҳои китобҳо- дарсӣ, бадеӣ ва илмӣ дастраси мардум гардидаанд. Бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон-бузургтарин китобхонаи миллӣ дар Осиёи Марказӣ кори осон набуд. Дар як муддати кӯтоҳ ин китобхона бунёд гардид ва имрӯз дар он зиёда аз 8 миллион номгӯй китобҳо маҳфузанд. Имрӯз баробари ба ин Китобхонаи миллӣ ворид шудан як ҷаҳони пур аз илму маърифат бароямон кушода мегардад.
АМИТ Ховар: Ташаккур устод барои суҳбат. Баҳори нозанин ва Наврӯзи хуҷастапай ба Шумо муборак бошад!
Сайрам БАҚОЗОДА,
АМИТ «Ховар»