Фарзона: «Пешвои миллати мо як нафари шоиртабъ, одамнавоз ва шоирнавоз ҳастанд»

Март 19, 2018 08:25

ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Ҳар сол дар арафаи  ҷашни мубораки миллиамон-Наврӯзи Аҷам мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи мамлакат баргузор мешавад. Соли гузашта, ки барои мардуми мо соли воқеан таърихӣ буд, зиёиёни мо, аз ҷумла, устодону омӯзгорон, олимону донишмандон, шоирону нависандагон, рассомону оҳангсозон ва аҳли санъат ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҷашни 26 — солагии истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, тавассути доир намудани чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ фаъолона  ширкат карданд ва дар масъалаи тарғиби моҳияти истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми пурарзиш гузоштанд. Воқеан, тарғиби бузургтарин дастоварди халқамон — истиқлолияту озодӣ вазифаи аввалиндараҷаи зиёиён маҳсуб ёфта, онҳо бояд дар таҳқиқоту асарҳо ва шеърҳои худ аҳамият ва муҳтавои ин мафҳумҳои муқаддасро боз ҳам васеътар инъикос созанд, ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон, инчунин забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ минбаъд низ кӯшиш намоянд.

Яке аз нафароне, ки пайваста дар шеърҳои хеш аз Ватану миллат, мардуми покниҳод ва меҳмондӯстии тоҷикон, зебоиҳои табиати нотакрор, арзишҳои муқаддаси давлатдориамон ситоиш мекунад, Шоираи халқии Тоҷикистон ФАРЗОНА мебошад.

Дар рӯзи вохӯрии навбатии Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар ба мо имконият даст дод, то бо шоираи ватандӯсту ваҳдатсаро бону Фарзона суҳбате дошта бошем, ки онро  пешниҳоди хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Ту, эй ҳамзоди боронҳо, ту эй эҷоди найсонҳо, Баҳори тар!

Паёме бар ба гӯши ҷумла инсонҳо:

Гули зардолу мерезад.

Фарзона: Баҳори тар! Паёме бар ба гӯши ҷумла инсонҳо,

Гули зардолу мерезад… (механдад). Воқеан ҳам ин баҳори тару боронӣ ва пур аз файзу сахо буд барои халқи азизи тоҷикам.

АМИТ «Ховар»: Бо умеди дидани гули зардолу баҳори нозанини Ватанро ба Шумо ва мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ муборак мегӯем,  муаллимаи азиз.

Фарзона: Ташаккур ба Шумо, Сайрамбону.  Баҳор худаш бузургтарин эъҷозгару эҷодкор аст. Дар баробари он инсонҳои одӣ бо қудрати одамонаи худ   шояд коре ҳам карда наметавонанд.  Яъне касе наметавонад,  ки ҳамсабқати баҳор бошад, ҳамсабқати офтоб, ҳамсабқати сабзаҳо, ҳамсабқати об  ва    муҳимаш ин  ки аз ин эъҷозҳои  боэҷоду шоҳкориҳои  табиат  ва  салоҳкориҳои Худованд  инсон тавонад, ки вом бигирад барои худаш ва ангезаву афрӯзаҳои тозаи зоҳириву ботинӣ  дарёб кунад.  Ва ман ҳам тақлиди баҳор мекунам, пайравии баҳор мекунам дар дабистону адабистони баҳор. Мо ҳама хонандаҳои синфи аввал ҳастем, бо он ки ин ҳама сол дидаем ва орзу мекунам, ки мисли баҳор мо ҳама офаранда бошем ва ба дилҳои ҳама ҳамин хел шукӯҳу ҷалолу  хубиву накӯие,  ки баҳор тавлид мекунад, мо ҳам тавонем ақаллан андаке аз он афрӯзаҳои ниҳониву равонӣ ба аҳли ватан ва ба аҳли ҷаҳон тақдим намоем.

АМИТ «Ховар»: Шумо яке аз шоирони сермаҳсултарини мо ҳастед. Мехостем бифаҳмем, ки ҳаводорони сухани баланди Фарзона дар баҳори нав чӣ эҷоди тозаеро метавонанд интизор бошанд?

Фарзона:  Ман хаёл мекунам тозатарин суханро дар васфи баҳор ҳазрати Мавлонову Ҳофизу Шайх Саъдӣ ва кулли бузургон гуфтаанд ва  он суханон бо гузашти замон навтар мешаванд, на кӯҳнатар. Ва мо ҳам шояд дар кӯдакӣ ҳарфе гуфта бошем. Ҳоло шумо якеро ёд  кардед:  Баҳори тар,  паёме бар ба гӯши ҷумла инсонҳо.

Ва ман метавонам ин ҳарфро гӯям, ки хеле кӯҳна шуд? Ва шояд хеле кӯҳна ҳам шуда бошанд, аз назари сол, аз назари вақту мавсим, лекин хушбатона, ки Шумо то ҳол тараннум мекунед, пас  ҳанӯз фурсати зиндагонӣ доранд.

Шукуфт лолаарӯсак, ки ёр-ёр кунем,

Ҳар он чи ғайри нишот аст, ихтисор кунем.

Валек бо ғами бисёри дил чӣ кор кунем,

Зи ғам магӯву биё шукри кирдигор кунем.

Биё баҳор кунем! Биё баҳор кунем.

Зи гирдгардии тунду муқаррари ташвиш,

Зи рӯзхуну шабехуни лашкари ташвиш.

Бубин даводави мо, хок бар сари ташвиш,

Биё ба вусъати озодагӣ фирор кунем.

Биё баҳор кунем, Биё баҳор кунем.

Иҷоза деҳ ба машомат шамими гулшани дил,

Ту, эй ягонатарин тарҷумони савсани дил.

Ба шодиёнаи бори дигар тапидани дил,

Ба хасм низ биё некуӣ нисор кунем.

Биё баҳор кунем, биё баҳор кунем.

Ба номи халқ фиристам саломи ёсуманӣ,

Барои халқ бигӯям каломи ёсуманӣ.

Биё, ки мегузарад субҳу шоми ёсуманӣ.

Биё барои намурдан сабаб қатор кунем,

Биё баҳор кунем, биё баҳор кунем.

Кулли хонандагони  азизи сомонаи «Ховар», дар маҷмӯъ аҳли ватан баҳор кунанд.  Худаш Тоҷикистони  азиз баҳористон аст.  Шукри Худо, ки дар зимистон ҳам хонаву хони инсонҳо, хонаву хони Ватан баҳорогин аст. Орзу мекунам, ки зиндагонии мардуми мо паёпай ва ҳамвора ҳамин гуна  маъниву марому низоми наврӯзӣ дошта бошад.

АМИТ «Ховар»: Шумо хушиқбол ҳастед, ки аз машварату маслиҳатҳои устодони бузурги зиндаёд  Лоиқ Шералӣ, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммад Осимӣ, Одина Ҳошим баҳраманд гаштаед. Дар суҳбатҳое, ки ман бо устодон Бозор Собиру  Гулрухсор ва  Гулназар доштам, бори дигар маълумам гардид, ки ба ашъори Шумо таваҷҷуҳи хосса доранд…

Фарзона: Саломат бошанд. Лутфи онҳост,  ки  бо чашми пурмуҳаббат во бо илтифот ба мани кӯчак назар мекунанд. Шайх Саъдӣ мегӯяд, ки:

Акси худи туст, он чи  дар ман бинӣ,

Бо шамъ  даро, ки хона рушан бинӣ.

Ҳар касе, ки дар торикӣ ба хона дохил мешавад, ҳама чизро торик мебинад. Ва ҳар касе, ки дар дасташ ва дар дилаш, муҳимаш дар замираш шамъе дорад, ҳама ҷоро рӯшан мебинад.  Ва ин инсонҳо,  ин бузургону  нухбагоне, ки  шумо ном бурдед, инҳо худашон муродифи офтоб ҳастанд. Ҳар ҷое мераванд, ҳатто ҷое намераванд, бо он ки аз дунё гузаштаанд, ҳанӯз ҳам офтоби ёдашон фурӯзанда аст, фурӯзонандаи  ҳаёти мост, фурӯзонандаи рӯҳҳои мост. Барои ҳамин ман аз ин азизон зиёд бардоштҳо кардаам.

Албатта, намешавад илми одамиро аз касе наомӯзем.

Одам каманд, одамаконанд ин ҳама

Натвон гирифт рутбаи одам ба орият.

Лекин  ин қадар инҳо ҳам аз назари хирад, фитрат ва донишу камол,  ҳам аз назари инсонӣ он қадар бузург ва  он қадар комилу мукаммал  ва расо буданд, ки ман барои худам бардоштҳои зиёд кардам  ва он чӣ  бардоштам, дубора ба аҳли назар бармегардонам.

АМИТ «Ховар»: Ҷаҳони имрӯз пур аз найрангу нафрату муборизаи абарқудратон гардидааст. Дар ин шебу фарози ҷаҳонишавӣ то чӣ андоза шеър метавонад наҷоти башарият бошад?

Фарзона:  Ҳанӯз миллатҳое ҳастанд, ки ба шеър чун ба муқаддасоти бузургтарин арҷ мегузоранд. Ва миллати мо, хушбахтона, аз Пешвои миллат то маъмулитарин нафарҳо хаёл мекунам, ки дилбаставу пайвастаи сухан ҳастанд. Ва ба миллати мо ҳанӯз ҳамин чиз таҳдид намекунад,  ки мо шеъру сухан ва адабиётро аз зиндагонии худамон хориҷ кунем. Аммо дар бисёр кишварҳои Аврупо  ман ба чашми худ дидам, ки адабиёт нақши фаръӣ ва чандумдараҷа дорад, мутаассифона. Шеър ҳам дар рӯҳияи инсонҳо нақши аввалин надорад.  Одамҳо каме  роботӣ шудаанд, компютерӣ шудаанд. Моделҳои тайёр шудаанд. Мутаассифона, як қисмати одамҳо ба одамҳои электронӣ табдил ёфтаанд. Лекин ман дар ҳамон Аврупо эҳсос кардам, ки ҷонҳои мардум боз ҳам ба ларза меоянд, ҳатто ҳамон ҷонҳои роботӣ,  ки ҳоло зикрашро гуфтем. Вақте ки борон меборад,  ҳамаи баргҳо, ҳатто ҳамон баргҳое, ки бенасиб аз шуои офтобанд, ҳамонҳо ҳам боридани боронро эҳос мекунанд. Ман пай бурдам, ки дили онҳо ҳам ба ҷунбиш меомад, вақте ки шоирони ростин,  инсонҳое, ки  мубашшири  муҳаббатҳо ҳастанд, паём ба онҳо медиҳанд, онҳо наметавонанд, ки дар баробари ин паёмҳо беэҳсос бошанд. Онҳо ҳам хаёл мекарданд, ки дубора зинда мешаванд.  Чунон ки  муҳаббатро намешавад аз зиндагонии башар ва аз рӯҳи инсоният хориҷ кард, адабиёту ҳунар ва  мусиқиро ҳам намешавад берун кард. Ман хушбин ҳастам ва фикр намекунам, ки шеър, хосса шеъри тоҷикии мо, шеъри форсӣ тавонад  нақшҳои чандумдараҷа гирад. Он ҳамеша муқаддам ва муқаддас дар пешгоҳи ҳунар ва пешгоҳи дилҳову ҷонҳои  дӯстдорон боқӣ мемонад.

АМИТ «Ховар»:  Ҳамасола  чун анъана Пешвои муаззами миллат бо аҳли зиёи кишвар вохӯрии навбатӣ анҷом медиҳанд. Соли гузашта Президенти маҳбубамон дар рӯзи зиёиён бо як муҳаббати хосса гуфта буданд: «Ман шоиронро дӯст медорам»….

Фарзона табассум мекунад….

АМИТ «Ховар»: Интизориҳои шумо аз вохӯрии навбатӣ  бо Пешвои миллат.

Фарзона:  Ман фикр мекунам  Пешвои миллати мо худашон як нафари шоиртабъ ҳам ҳастанд. Ва одамнавоз ва шоирнавоз  низ ҳастанд. Ва бо чашми  муҳаббат  ва лутфи комилан хосса ба аҳли ҳунар, бахусус зиёиён ва ба шеър нигоҳ мекунанд.  Ва худашон як пайвастагии комилан ҷудогона ва комилан мутафовит  доранд.

Ба ин маънӣ гуфтаниям,   ки ҳар башорате, ки медиҳанд,   ҳамеша пазируфтанист. Ва роҳнамои аҳли кишвар ва хосса зиёиёнанд.   Ва кам воқеъ мешавад, ки Садри аввал, Садри Олии мамлакат ба ҷараёни адабиёт, ба ҷараёни ҳунар, ба ҷараёни зиндагии  аҳли завқ ворид шавад ва паҳлӯ ба паҳлӯ, дӯш бар дӯш пайванд бо ин мардум шавад. Ифтихори мост, ки чунин Пешвои адабпарвар ва шоирдӯст дорем. Барои ҳамин ман орзу мекунам ҳар осоре, ки азизони мо, устодони мо ва ҳамқаламони мо меофаранд,  на танҳо миллати мо, балки аҳли башарро аз тамоми буҳронҳои зиндагӣ берун кашад. Ҳанӯз дар асри XXI одамҳо ношоистатарин афкорро дар сар мепарваранд.

Айби ману туст, айби беишқии мост,

Гар ҷанги саввуми  олам оғоз шавад.

Яъне ҳар як нависанда ва ҳар як ҳунарманд масъул ва маъмури сулҳу  рафоҳу озодӣ  дар кишвари худаш ва дар кулли ҷаҳон мебошад. Яъне ҳар нависанда бояд ҳодӣ ва мунодии муҳаббат, рафоҳ ва осоиштагию хубӣ ҳам дар мамлакати худ ва ҳам дар кулли олам бошад.

Ҳазрати Ҳофиз мегӯяд, ки:

Ҳақ он ки дард нест, вагарна табиб ҳаст.

АМИТ «Ховар»: Бештари вақт эродҳое ҳастанд, ки гӯё аҳли зиёи кишвар, бахусус шоирону нависандагони мо байни мардум кам мераванд, ташнагии мардумро намешикананд, вохӯриҳо намегузаронанд.

Фарзона:  Инсонҳое, ки ниёзманданд ва одамҳое, ки ҳанӯз  ҳоҷат ба шунуфтани муждаҳои рӯҳонӣ доранд,  агар инро эҳсос мекунанд,  пас  кулли нависандаҳо худро ба оғӯши ҷомеа ва халқ мезананд. Ман то имрӯз пай набурдаам, ки адибон худро ба канор гирифтаву ба ҳошия зада бошанд.  Баръакс, ман пайваста мебинам, ки суҳбату мулоқот ҳаст, ҳамҷурию ҳамдилӣ  ҳаст. Ҷамоати адибон аз ҷамоати мардум ҷудо нест.  Масалан, дар хонадони мо Озарахш қариб ки ҳамеша ба суҳбати аҳли дил меравад. Ба коргоҳ, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пайваста меравад.   Ва худи ман аз одамҳои  гӯшанишин нестам, миёни мардум зиёд мегардаму сӯҳбат мекунам. Ва пай мебарам, ки одамҳо меҳрҳои пинҳону ошкор доранд, ба аҳли сухан меҳри комилан хос доранд ва маҳбубияте, ки ба аҳли сухан доранд, бояд хеле ҷаҳд кунанд, ки аз даст наравад. Шояд ин ҳоло ҳам кам аст, мардум воқеан ҳам хоҳишҳои бештар доранд, муштоқу шефтаи суҳбатҳои аҳли зиё ҳастанд. Ва мо ҳам кӯшиш мекунем бештар бо эшон бошем.

АМИТ «Ховар»:  Нақши зиёии тоҷик дар худшиносии миллӣ аз чӣ иборат аст?

Фарзона: Воқеан дар таҳким ва тарвиҷи худшиносии миллӣ нақши аҳли зиё ва рӯшанфикрон  нақши аввалия аст ва замоне ҳам омад, ки мо на танҳо дар масъалаи худшиносии миллӣ, балки дар масъалаи оламшиносӣ, одамшиносӣ, он  одамшиносие, ки  ҳазрати Мавлоно, шайх Аттор, шайх Саъдӣ  ва кулли бузургони мо онро маҳак ва меҳвари эҷод ва эъҷози худ қарор дода буданд, биандешем. Ва одамҳое, ки миллати худро шинохтаанд,  арҷ гузоштаанд, гиромӣ доштаанд  ва  таърихномаи миллатро шинохта, ба асли миллат роҳ бурдаанд, бояд бузург дошта шаванд.

АМИТ «Ховар»: Ташаккури зиёд ба Шумо, муаллимаи азиз. Бори дигар иди баҳору зебоӣ ва Наврӯзи оламафрӯз ба Шумо ва аҳли пайвандонатон мубораку фархунда бошад.

Фарзона: Ба Шумо, кормандони масъулиятшиноси АМИТ «Ховар»  ва кулли ҳамватанони азизам баҳору Наврӯзи зебои Ватан фархунда ва пур аз нишот бод! 

 

Сайрам БАҚОЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Март 19, 2018 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни «Тоҷикфилм» ва «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» имзо шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии «Шабе дар осорхона» доир мешавад
Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад