Шаҳрвандони 112 кишвар ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд

Март 17, 2018 13:57

ДУШАНБЕ, 17.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2018, № 89 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 январи соли 2017», №31, «Дар бораи қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷии то 25 сола, ки аз рӯи таваллуд шаҳрвандии дигар давлатро ба даст овардаанд ва падару модари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, раводиди навъи “ХС3” ҷорӣ карда шудааст. Дар баробари ин, барои гирифтани чунин навъи раводид барои шаҳрвандони болозикр имтиёзҳо дар шакли сода гирифтани раводид ба муҳлати се сол ҳангоми пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи шиносномаи волидайн пешбинӣ шудааст.

Инчунин ҷиҳати ташкил намудани фазои мусоид барои сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ илова ба номгӯи давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, 36 давлати дигар ворид гардида, дар маҷмӯъ номгӯи чунин кишварҳо ба 112 адад расонида шуд.

Ба рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, давлатҳои зерин илова карда шуданд:

  1. Албания
  2. Антигуа ва Барбуда
  3. Ҷазираҳои Багам
  4. Барбадос
  5. Белиз
  6. Боливия
  7. Босния ва Гертсоговина
  8. Македония
  9. Гайана
  10. Гватемала
  11. Гренада
  12. Доминика
  13. Ҷумҳурии Доминикан
  14. Колумбия
  15. Коста Рика
  16. Маврикий
  17. Ҷазираҳои Малдив
  18. Панама
  19. Попуа Гвинеяи Нав
  20. Парагвай
  21. Перу
  22. Салвадор
  23. Сан Марино
  24. Сент Винсент ва Гренадин
  25. Сент Китс ва Невис
  26. Сент Люсия
  27. Сербия
  28. Ҷазираҳои Сейшел
  29. Суринам
  30. Тринидад ва Тобаго
  31. Уругвай
  32. Фиҷӣ
  33. Черногория
  34. Шри Ланка
  35. Эквадор
  36. Ямайка

 

 

Март 17, 2018 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд