ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 25 март, якшанбе, 84-умин рӯзи соли 2018 аст

Март 25, 2018 08:29

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

25 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода доданд.

***

4 сол пеш, 25 марти соли 2014 Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии панҷуми Ҷоми олии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дастаҳои «Равшан»- Кӯлоб ва «Истиқлол»- и Душанбе сабқат намуданд.

***

25 марти соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон омад.

25 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Украина — Рӯзи хадамоти бехатарӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи кормандони фарҳанг.

 РӮЙДОДҲО:

25 марти соли 2015 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори «Баҳористон» фаъолият мекунад.

***

25 марти соли 1807 Парлумони Британияи Кабир ғуломфурӯширо манъ кард.

***

123  сол муқаддам, 25 марти соли 1895 дар Москва рӯзномаи «Русское слово» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1922 Ҳизби коммунистии Бразилия таъсис дода шуд.

***

25 марти соли 1924 Гретсия чумҳурӣ эълон карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1957 дар Рим шартнома дар бораи таъсис додани Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ба имзо расид.

Март 25, 2018 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш