«Тоҷикстандарт»: дар сурати поймол шудани ҳуқуқи истеъмолиятон ба таври онлайн тавассути «Стандарт» шикоят кунед. Имрӯз-Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Март 15, 2018 15:27

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нишони он аст, ки  дар шинохт ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қадамҳои боэътимод гузошта мешаванд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори чандин давлатҳои пешрафтаи дунё  узви  комилҳуқуқи Созмони Умимиҷаҳонии Савдо буда, тибқи талаботи ин созмон, истеҳсолкунандагони ватанӣ дар талоши онанд, ки  молу маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда,  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маҳсулоти хушсифату ба талаботи  бозори ҷаҳонӣ  ҷавобгӯ муаррифӣ карда тавонанд. Набояд фаромӯш кард, ки  ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми олам ҳимоя карда мешавад. Дар ин радиф,  мутахассисони  Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») дар ҳамкорӣ бо дигар  мақомоти назоратӣ фаъолияти худро пурзӯр намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат мебахшанд. Дар арафаи ин санаи байналмилалӣ доир ба паҳлӯҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Икромиддин Вализода ҳамсуҳбат гардид, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем:

АМИТ «Ховар»: Нахуст мегуфтед, ки истеъмолкунандагон чӣ гуна ҳуқуқҳо доранд?

И. Вализода: Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли  дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидории ашёи  пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад. Бо ин мақсад   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шудааст.

Дар ин қонун ҳуқуқҳои  асосии истеъмолкунандагон  нишон дода шудаанд, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар як  истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид мекунад ва ё ба поймол кардани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон  бартараф кардани  нуқсони мол ё иваз  кардани он, ҷуброн кардани  арзиши мол ва ё  мутобиқан паст кардани нархи он, барқарор кардани  хисороти маънавие, ки дар натиҷаи  истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, ахбори пурраву дақиқ дар хусуси  моли  харидашаванда ва тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани  ҳуқуқҳои ӯ.

Тибқи моддаи  3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон,   маълумот доир ба мол (кор, хизматрасониҳо) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он,   бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ), сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ), ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд, ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон, пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ҳуқуқ дорад.

АМИТ «Ховар»: Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон чӣ гуна  нақш дорад?

И. Вализода: Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Албатта, дар ин самт ҳамасола корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Бо мақсади ҳамоҳангсозии кори мақомоти назоратӣ дар таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис дода шуда, аъзо ва низомномаи Шӯрои мазкур тасдиқ карда шуд. Дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» Шӯрои машваратӣ — ҷамъиятӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат амал менамояд, ки ба он ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомил мебошанд ва дар кори он дар қатори дигар масъалаҳо, инчунин масъалаҳои  вобаста ба  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон низ баррасӣ мешаванд. «Тоҷикстандарт» дар сомонаи интернетии худ  маводи гуногунро вобаста ба ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон ҷой додааст. Дар сомона низ оид ба  ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон телефонҳои  боварӣ дарҷ гардидаанд.

Агентии “Тоҷикстандарт” дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятиро пешниҳод намудааст. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook — fb.me/tojikstandart, дар сомонаи Instagram — www. Instagram.com/standard.tj ва рақами Viber-ии 988-50-22-22 фаъол гардид, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат менамоянд.

Ҳамчунин аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” барномаи мобилии  «Стандарт» — барои муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳия шудааст, ки тавассути он пешниҳоди арзу шикоят тариқи онлайн имконпазир мегардад.

Барномаи мобилии «Стандарт» барои платформаҳои Андроид ва IOS таҳия шуда, онро  метавон дар Play Market ё дар AppStore нусхабардорӣ (баргирифт) кард.

Ба ин барнома метавон доир ба маҳсулоти пастсифат дар бозору мағозаҳо арзу шикоят фиристод. Барнома бо мақсади шаффофияти муроҷиати аҳолӣ ба Агентӣ роҳандозӣ шуда, то ҳанӯз дар реҷаи озмоишӣ кор мекунад ва ба сомонаи расмии навшудаи www.standard.tj  пайваст карда мешавад.

Дар раванди фаъолияти озмоиши барномаи мобилии «Стандарт» шаҳрвандон чандин маротиба аз он истифода карда, доир ба риоя нашудани қоидаҳои савдо ва меъёрҳои маҳсулот, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва дигар қонуншиканииҳо дар ин самт муроҷиат карданд ва бо мусоидати кормандони Агентӣ ин камбудиҳо сари вақт бартараф карда шудаанд.

Бо истифода аз фурсат ба истеъмолкунандагон расонданием, ки ҳангоми харид кардани молу маҳсулот ба санаи истеҳсол, ҳолати нигоҳдориву намуди зоҳирии он  таваҷҷуҳ кунанд.  Дар ҳолати мушоҳида кардани камбудии маҳсулот аз фурӯшанда  сертификати мутобиқати сифат талаб намоянд.

Вобаста ба масъалаҳои  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  Агентии “Тоҷикстандарт” бо Иттифоқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқукии вобаста ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро  мувофиқа мекунад.

АМИТ «Ховар»: Маърифати ҳуқуқии  истеъмолкунандагон  дар кадом  сатҳ  аст ва оё онҳо  аз ҳуқуқҳои  истеъмолии худ огаҳ ҳастанд?

И. Вализода: Табиист, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон сол то сол боло меравад. Онҳо ҳангоми харидории маҳсулот ба сифати он, муҳлати истифода, ранг, бӯй, лаззат, санаи барориш, ҳолати нигоҳдории маҳсулот эътибори ҷиддӣ дода, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро ҳатман талаб менамоянд. Аз тарафи нозирони Агентии «Тоҷикстандарт» омӯзиши пайваста гузаронида шуда, зимни ширкат дар семинар – машваратҳо бо иштироки кормандону мутахассисони соҳа сатҳи маърифати шаҳрвандон боло бурда мешавад. Дар баробари ин миёни соҳибкорону фурӯшандаҳо дар самти тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолӣ  пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон овезаҳои таблиғотӣ ташкил намудааст. Дар давоми солҳои 2016-2017 оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ба миқдори 3000 адад варақаҳои таблиғотӣ паҳн карда шудаанд, ки муҳтавои  онҳо чунин аст:

«Истеъмолкунандагони гиромӣ, шумо ҳуқуқ доред дар ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи соҳибкорон, фурӯшандагон —  ҳангоми кам баркашидан, кам чен кардан, зиёд ҳисоб кардан ва ё фурӯши маҳсулоти пастсифату муҳлати истеъмолиаш гузашта ба Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он дар минтақаҳо, инчунин тавассути суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook fb.me/tojikstandart, дар сомонаи Instagram www.Instagram.com/standard.tj ва рақами Viber-ии 988 -50-22-22 муроҷиат намоед.

Дар чунин ҳолатҳо мутахассисони мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба шумо кумак мерасонанд.

Суроғаи мо: ш.Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2

Телефонҳо: 233-68-69, 233-51-67»

Мавриди зикр аст, ки фаъол намудани суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаҳои иҷтимоии имкон дод, ки то имрӯз садҳо муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолиашон ба қайд гирифта шаванд.

Дар маҷмӯъ, Агентӣ тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон фаъолияти соҳаро минбаъд низ тақвият диҳад.

АМИТ «Ховар»: Муроҷиатҳо доир ба поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон бештар  сари кадом масъалаҳоянд?

И. Вализода: Агентии «Тоҷикстандарт» яке аз сохторҳои назоратии кишвар  маҳсуб ёфта, ба зиммааш масъулияти бузург, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолии шаҳрвандон вогузор шудааст. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси татбиқ намудани як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  ин қонунҳо аслан маҳсули замони истиқлоланд, ба роҳ мондааст.

Яъне давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда ҳимоя мекунад. Вобаста ба ин, аз рӯи  талаби айём ва тақозои замон санаду ҳуҷҷатҳои нав, ҷиҳати таъсис бахшидан ба ҳуқуку озодӣ ва ҳимояи шаҳрвандон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди амал қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки қонуни мазкур  мисли дигар қонунҳои соҳа зери назари  кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» қарор дорад. Бо ин мақсад  дар Агентӣ китоби махсус барои арзу шикоят ва дигар мактубҳои шаҳрвандон, инчунин телефони «Боварӣ» ҷудо карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати риоя нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон бевосита ба Агентии «Тоҷикстандарт»  муроҷиат  намоянд.  Мазмуну мундариҷаи аризаҳои шикоятӣ асосан аз поймол намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ба монанди фиреби  харидор, кам баркашидан, кам чен кардан,  моли бе сифату ғайристандартиро бо роҳи фиреб фурӯхтан ва ғайраҳо иборатанд.

АМИТ «Ховар»: Тартиби даъво аз ҷониби истеъмолкунанда чӣ гуна сурат мегирад?

И. Вализода: Тартиби даъво аз ҷониби истеъмолкунанда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда мешавад. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби  пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии  онҳо  ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд, танзим менамояд.

АМИТ «Ховар»: Кадом намуди чораҷӯӣ  ё ҷазо барои соҳибкороне, ки қоидаҳои савдоро риоя намекунанд, пешбинӣ шудааст?

И. Вализода: Ҳангоми риоя накардани талаботи стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои савдо  тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима татбиқ карда мешавад.

Бекназари АБӮБАКР,

АМИТ «Ховар»

Март 15, 2018 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

БАҚОИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
КИТОБ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК БОНГИ БЕДОРИЮ ҲУШЁРИСТ. 4 сентябр- Рӯзи китоб
Абдураҳмон Ҳакимзода: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи нафақаро идома медиҳад, то баҳри насли калонсоли мамлакат зиндагии арзандаву сазоворро таъмин намояд»
Таманнои бонуи роҳбалад: «Осмони соф, парвози баланд, нишасти маҳин ва сафари хушу бобарор!». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии роҳбаладони ҳавонавардӣ
Абдулазиз ал-Мусаллам, Сардори департаменти фарҳанги ҳукумати Шориқа: «Дастархони тоҷикӣ мисли либосҳояшон рангоранг ва хеле иштиҳоовар аст»
НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН – ДАР РӮЙХАТИ МАҶАЛЛАИ FORBES: Азизҷон Азимӣ, як ҷавони муваффақи тоҷик, сазовори ҷоизаи академикии Барак Обама гардид!
Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ
Фарзона: «Пешвои миллати мо як нафари шоиртабъ, одамнавоз ва шоирнавоз ҳастанд»
Профессор Аслиддин Низомов: «Зиёии асил Устод Айнӣ мебошад, ки дар душвортарин шароити Аморати Бухоро ба воя расид, вале ҳеҷ гоҳ хурофотпараст нашуд»
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров