Вакилони Парлумон иҷрои бандҳои Созишномаи грантиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст. Инчунин сохтмони хати минтақавии интиқоли барқи CАSA-1000 (252 км) бо маблағи 2,2 миллиард оғоз гардид. Ин матлаб имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Татбиқи иҷрои бандҳои Созишномаи грантии (Амалиёти махсуси) Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд» /БОР/ баён гардид.
Иштирокдорони муҳокимаи парлумонӣ изҳор доштанд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат дар бораи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ зикр гардида буд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар радифи 6 кишвари пешрафтаи сайёра қарор дорад, зеро 98%-и барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Лоиҳаи таҷдиди неругоҳи барқи обии /НБО/ «Норак» дар ду марҳила бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт.
Зикр шуд, ки дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО «Сарбанд» бо маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. НБО «Қайроққум» яке аз кӯҳнатарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа ҳамин сол оғоз мешаванд. Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад. Созишномаи грантии (Амалиёти махсуси) Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БОР моҳи июни соли 2011 аз тарафи Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардидааст. Санади мазкур аз ҳисоби маблағҳои фондҳои махсуси БОР дар ҳаҷми 122 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст. Ҳадафи Созишнома таҷдид ва васеъ намудани низоми интиқолии неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва беҳтар намудани таъминоти он дар минтақаҳои шимол ва ҷануби кишвар мебошад.








ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд






