ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Март 5, 2018 16:17

ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Тиллодуздон ба даст афтоданд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон- марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва ҷавони 27-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурдагон 9 августи соли 2017, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ворид шуда, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва 11 000 сомонӣ, ҷамъ 28 600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дарёфт ва мусодираи сангҳои қиматбаҳо

Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир карда шуд.

Дар вақти азназаргузаронии хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, аз дохили сумкаи варзишӣ 223 адад сангҳои қиматбаҳои навъи лаъли асил дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сангҳои дарёфтшуда сангҳои табиии лаъли асил буда, вазни умумиашон 177,73 грамм ва арзишашон 44 242 сомонию 51 дирамро ташкил медиҳад.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, ҳангоми дар шаҳри Хоруғ қарор доштанаш, ин навъи сангҳоро аз шаҳрвандон- марди 44-солаи сокини ноҳияи Ишкошим ва марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур ба маблағи 600 доллари амрикоӣ ғайриқонунӣ харидааст.

Ҳалокати ронанда ва мусофир дар роҳ

1 марти соли равон ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Зубайдов Раҳмоналӣ Бухориевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Давлатов Давлатбек Ёрибекович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Зубайдов Р.Б ва мусофираш Айматов Абубакр Файзалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидаанд.

Март 5, 2018 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд