Академияи илмҳои кишоварзӣ: зарари барф ба боғдорон то 15-20 фисад муайян гардид

Апрель 19, 2018 17:31

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи гузариши борон ба барф, ки дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, ба як зумра боғҳои ҷумҳурӣ аз 10-15 то 20 фисад таъсири манфӣ расид.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов баён дошт, баҳори имсола нисбат ба солҳои пешин барвақт ва гарм омад, вале хунукиҳои дери баҳорӣ боғу токпарваронро бетараф монда натавонистанд. «Боришоти барфи рӯзҳои 17-18 апрел дар баландии зиёда аз 900 метр аз сатҳи баҳр, яъне дар минтақаи Рашт, Файзобод ва Мастчоҳи Кӯҳӣ, ки дар онҳо дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор ҳоло ғарқи гул ҳастанд, бетаъсир намонд», — изҳори нигаронӣ кард С. Саидов.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, боғдоронро, пеш аз ҳама, зарур меояд, ки ҳамарӯза аз вазъи обу ҳаво хабардор буда, омодаи саривақт гузаронидани тадбирҳои муҳофизатии дарахтон бошанд. «Дар вақти боридани барф, ки паст фаромадани ҳарорати ҳаво ба назар мерасад, боғдорону кишоварзон метавонанд аз хасу хаспораҳо ва дигар партовҳои нолозима истифода бурда, дар ҳар гӯшаи боғҳои худ гулхан афрӯзанд ва дарахтонро бо дуд таъмин намоянд. Ин амал то андозае ба яхкунии дохили гул, ки ба таври боришот дохил мешавад, имкон намедиҳад. Гузаронидани ин амал, албатта, ҳангоми вазидани шамол натиҷаи хуб ҳам медиҳад. Имкониятҳоро истифода бурда, бо ёрии асбобҳои дорупошак дар дарахтони гулдор тариқи чангкунӣ об пошанд ҳам аз аҳамият холӣ нест. Мақсади асосии чунин кор аз он иборат аст, ки дар баробари паст фаромадани ҳаво ба сифр дараҷа буғшавии намӣ оғоз гардида, дарахтонро бо туман таъмин менамояд ва аз хунукзанӣ онҳоро эмин нигоҳ медорад. Дигар тадбири муҳиме, ки гузарониданаш ҳатмӣ мебошад, ин коркарди агротехникии қаторҳои боғ, алалхусус дар ҳар як дарахт мебошад»,- зикр намуд ӯ.

Ба иттилои С. Саидов, дар ду рӯзи охир олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти боғпарварию сабзавоткорӣ дар ноҳияи Файзобод ва минтақаи Рашт қарор дошта, аз боғҳои тухмакдор дидан намуданд. Дар баъзе минтақаҳо то як фисади муайян, ки ҳоло ҳам ҳисоботҳо рафта истодаанд, то 10-15 ва 20 фоиз зарарҳо ба назар мерасанд. «Хушбахтона, пас аз боридани барф борон борид, ки ин сардии обу ҳаворо то як дараҷае коста гардонд», — афзуд С. Саидов.

Дар робита ба ин сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сарди атлантикӣ ба ҷумҳурӣ боиси гузариши борон ба барф дар як зумра ноҳияҳо гашт. «Гузариши борон ба барф дар як зумра доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, дар минтақаҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, инчунин дар қисматҳои кӯҳии тобеи марказ, дар доманакӯҳҳои вилояти Суғд, Истаравшан, Шаҳристон ва дар ағбаҳо низ ба қайд гирифта шуд», — зикр намуд Ҷамила Байдуллоева.

Ба гуфтаи Ҷ. Байдуллоева, ин гуна вазъи обу  ҳаво то 25 апрел  боқӣ монда, баъд аз он   боз  муътадил мегардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2018 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд