ҲАМ АСКАРӢ-ҲАМ ЧЕЛОНГАРӢ. Рамазон Раҳимзода аскарону сарбозонро ба омӯхтани касбу ҳунар даъват намуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз қисми ҳарбии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти хизматию маишии қисми ҳарбии мазкур аскарону сарбозонро ба омӯхтани касбу ҳунар даъват намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ аз иншооти ҷадид боздид ба амал оварда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон, аз ҷумла, ошхона барои 300 нафар ва нонпазхонаю сартарошхона аз наздик шинос гардид.
Зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми низомии 6592 Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз сохторҳои пуриқтидори давлат табдил ёфта, афсарону сарбозони он аз иҷрои ҳама гуна вазифаҳо сарбаландона мебароянд.
«Дар баробари ин, афсарону сарбозонро зарур аст, ки баҳри амнияти мардум ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиву ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша бо шуҷоату корнамоӣ ва малакаи баланди касбӣ дар сафи пеш қарор дошта, ба Ватан ва давлату миллат содиқона хизмат намоянд», — гуфт Вазири корҳои дохилӣ.
Зикр гардид, ки сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус дода, пайваста ба тамрин машғул шаванд ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ касбу ҳунар омӯзанд.
Барои фаро гирифтани аскарону сарбозон ба омӯхтани касбу ҳунар, аз қабили сартарошӣ, нонпазӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ ва ғайра тасмим гирифта шуд, ки дар қисми ҳарбии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода Маркази таълимӣ таъсис дода шавад, то аз дигар қисмҳои ҳарбӣ аскарону сарбозон ба ин ҷо омада, ба омӯхтани касбу ҳунар машғул шаванд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони баору номуси миллат хизмати Ватан-Модарро ба ҷо оварда, баҳри оромиву осоиштагии марзу бум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо сари баланд хизмат доранд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






