Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ

Апрель 2, 2018 19:00

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати пирӯзиатон  дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср бипазиред.

Ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар маснади сермасъули роҳбари давлат комёбиҳои рӯзафзун баҳри таъмини рифоҳу шукуфоии мардуми дӯсти Миср орзумандам.

Итминон дорам, ки тайи давраи нави фаъолияти давлатии Шумо   кишварҳои ба ҳам дӯсти мо муколамаи созандаро  чи  дар сатҳи дуҷониба ва чи дар арсаи байналмилалӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳояшон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, илму маорифу фарҳанг ва мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, идомаи самарабахш хоҳанд дод.

Бо истифода аз фурсати нек ва таъкиди омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои саъю талошҳои муштарак дар ҷодаи таъмиқу тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср муҷаддадан менамоям».

Апрель 2, 2018 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд