Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел

Апрель 20, 2018 18:01

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҷумҳурии Куба самимона табрик ва таҳният менамоям.

Итминон дорам, ки дар ин мақоми олӣ Шумо чун кафили сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард.

Мо ҳавасмандем, ки густаришу таҳкими муносибатҳои ду кишвар пайгирона вусъат ёфта,  мазмуну муҳтавои фарохтарро касб намоянд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехостам омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари Куба ва мардуми дӯсти он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».

 

Апрель 20, 2018 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд