Барои таъмини пешрафти босуботи пойтахт фаъолияти якҷояро тақвият бояд дод — бардошт аз ҳамоиш дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон имрӯз дар Душанбе мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо фаъолон доир гардид. Ҳамоиш бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар он намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа — занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони бозорҳо, инчунин намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, амният, прокуратура суд ва дигар ниҳодҳои марбута ширкат намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ва дигарон доир ба татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан карданд.
Ҳамзамон доир ба қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ, пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон ва таъмини пешрафту суботи пойтахт ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки бояд насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва башарӣ ба камол расонида шаванд.
Дар мулоқот ҳамзамон иштирокдорон роҷеъ ба дастоварду комёбиҳои сокинони пойтахт дар бахшҳои гуногун дар зарфи солҳои охир сухан гуфта, ҷиҳати пешрафту шукуфоии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ҳозиринро ба фаъолияти дастҷамъонаю аҳлона даъват намуданд.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






