Бежан Азонов: «Соҳаи хизматрасонии нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе бо қадамҳои устувор пеш меравад»

Апрель 13, 2018 15:39

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Далели ин гуфтаҳо ифтитоҳи чандин иншооти бузурги варзишию фароғатӣ ва сохтмони биноҳои боҳашамат  мебошад, ки бомаром идома доранд. Ҳамчунин шаҳри Душанбе дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардидааст, ки сайёҳони хориҷӣ аз тамошои ҷойҳои назаррабои он  таассуроти амиқ мебардоранд.

Дар баробари корҳои  бунёдкориву созандагӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба соҳаи иҷтимоӣ низ аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ беҳтар гардида, ба фаъолият оғоз намудани нақлиёти мусофиркашонии нав ба симои шаҳр зебогии дучанд зам кардааст. 

Дар ин замина шурӯъ аз 1 апрели соли 2018 дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе — автобусу   троллейбус  пардохти роҳкиро пурра ба шакли ғайринақдӣ — тавассути  корти ягонаи «Cityсard» ба роҳ монда шуд. Мавриди зикри хос аст, ки ин иқдом дар асоси татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ гардид. Ин шабу рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни истифодабарангони нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби волонтёрон, ки дар ҳар як истгоҳҳои шаҳр мавқеъ гирифтаву оид ба гузариш ба низоми нави пардохт ба мусофирон ва меҳмонон кумаки иттилоотӣ мерасонанд, идома доранд. Зарурат ва роҳандозии низоми нави пардохти ғайринақдӣ аз чӣ иборат буд? Муносибати аҳолӣ ҷиҳати роҳандозии ин шакли нави падохти электронӣ имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад? Тафовути пардохти нақдӣ ва ғайринақдӣ дар чист? Бо ин саволҳо  хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ НИЁЗ бо роҳбари лоиҳаҳои инвеститсионии ҶДММ «Авесто — гурӯҳ» Бежан АЗОНОВ ҳамсуҳбат гардид.


14 феврали соли 2018. Шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи «АКIA AVESTO».

 

Тавре роҳбари лоиҳаҳои инвеститсионии ҶДММ «Авесто — гурӯҳ» Бежан Азонов иброз дошт, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пайравии сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои ба аҳолии пойтахт ва меҳмонони он пешниҳодшаванда тадбирҳои амалӣ андешидааст. Бахусус бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, ҳайати Гурӯҳи корӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе» тасдиқ гардидаанд. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои болозикр ҷиҳати саривақт ва дар сатҳи байналмилалӣ татбиқ намудани лоиҳаи мазкур, дар асоси механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто-гурӯҳ» татбиқкунандаи лоиҳа муайян гардид.

Ба таъкиди Б.Азонов, соҳаи хизматрасонии нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва муаррифии пойтахти мамлакат барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ  аҳамияти калон дорад. Дар шаҳрҳои мутараққии дунё солҳои зиёд аст, ки низоми электронии назорати пардохт дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум равона гардида, инчунин амалинамоии он як қатор бартариятҳо, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои нақлиётӣ, ҳалли масъалаи баргардонидани бақияпулиҳо ба мусофирон, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуои воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиёт ва ғайраро дорад.

Имрӯз аҳолӣ ин навъ, яъне пардохти ғайринақдиро, хуш истиқбол мегирад, ки ин далел аз пешрафти устувори соҳа мебошад.

Ҳамчунин ба иттилои роҳбари лоиҳаҳои инвеститсионии ҶДММ «Авесто — гурӯҳ» Бежан Азонов, дар баробари ба танзим даровардани низоми назорати пардохт дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи мазкур иқдом гирифта шудааст, ки раванди дохил шудан ва фаромадан аз воситаҳои нақлиёт низ ба танзим дароварда шавад. Тибқи тартиби нави муайяншуда, воридшавӣ ба автобус танҳо аз дари пеш ва фаромадан  аз дарҳои мобайн ва қафо сурат мегирад.

Ҳоло аз ҷониби ҷамъият 5 навъ кортҳои пардохти электронии роҳкироӣ омода шудаанд, ки якеаш  корт барои истифодаи доимӣ дар автобус/троллейбус пешбинӣ шудааст. Арзиши корт 10 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 4 сомонӣ дар тавозуни корт ҳамчун масрафнашаванда боқӣ мемонад. Тавозуни кортро ба воситаи терминалҳои «Express Pay» пурра кардан мумкин аст. Арзиши сафар баробари арзиши муайннамудаи хатсайр мебошад. Муҳлати амали корт – 3 сол мебошад.

Навъи дигар корти имтиёзнок ном гирифтааст, ки он ба шахсони маъюб ва ё имтиёздорон танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёз пешниҳод карда мешавад. Корти мазкур ройгон мебошад.

Инчунин корт барои кўдакони аз 7 то 12-сола пешбинӣ карда шудааст. Сафар бо корти мазкур бо тахфифи 50 фоиз аз маблағи тасдиқшудаи тарофаи сафар амалӣ карда мешавад.

Корти дигар барои меҳмононе, ки ба ҳудуди шаҳр меҳмон мешаванд ва ё сайёҳанд, барои 4-8 сафар дар автобус/троллейбус пешбинӣ карда шудааст. Арзиши корти 4 сафар — 5 ва 8 сафар — 10 сомонӣ муқаррар шудааст. Муҳлати амали корт – 10 рӯз — аз вақти фаъолгардонии корт пешбинӣ гардидааст.

Корти ниҳоӣ — корти эҳтиром ном дорад, ки он барои шахсони аз синни 75-сола боло пешбинӣ гардидааст. Сафар бо корти мазкур ройгон мебошад. Корт ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёзҳо дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳа 15 феврали соли 2018 зимни ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи банду басти автобусҳои «Акиа – Авесто», ки дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе ташкил шудааст ва инчунин зимни гузоштани санги асос барои сохтмони корхонаи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «Акиа», муаррифӣ шуда буд.

1 марти соли 2018 лоиҳа пурра ба кор шурӯъ кард. Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд кортҳои нақлиётиро аз нуқтаҳои фурӯш дар истгоҳҳои шаҳр ва аз терминалҳои махсус дастрас намуда, тариқи он пардохтро дар автобус ва троллейбусҳои шаҳри Душанбе ба роҳ монанд.

Файзалӣ НИЁЗОВ,

АМИТ «Ховар»

 P.S.: Лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муосиртарин лоиҳа барои соҳаи химатрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъминоти барномавии он пурра аз ҳисоби мутахассисони ватанӣ таҳия карда шудааст. Лоиҳаи мазкур саҳми арзандаи худро ба гузариши соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба истифодаи технологияҳои инноватсионӣ хоҳад гузошт.

 

 

Апрель 13, 2018 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад