Дар Бонки миллӣ масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи беҳтар намудани саводнокии касбии ҷавонон муҳокима гардид

Апрель 2, 2018 15:56

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)   Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди мактабҳои миёна дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ташкилотҳои қарзии шаҳру ноҳияҳои Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ баргузор намуд.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар семинар кормандони ташкилотҳои қарзии  шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Левакант, Норак, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Зафаробод  иштирок доштанд.

Дар семинар муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ  оид ба   моҳияти низоми бонкдории исломӣ ҳамчун ягона низоми молиявие, ки новобаста аз таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар асоси қоидаву рукнҳои динӣ ва қонунҳои шариат фаъолият мекунад, ҳарф зада, зикр намуд, ки маҳз бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ таъсис дода шудааст.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки «мақсади асосии Барномаи VOLIP паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи беҳтар намудани саводнокии касбии ҷавонон ва тақвияти малакаву маҳорати амалии занҳои коргари беихтисос, дастгирии молиявии онҳо ҷиҳати таъмин бо шуғл ва гирифтани даромад мебошад. Дар доираи лоиҳаи номбурда маблағгузории гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, хусусан дар деҳот тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзии интихобгардида дар минтақаҳо пешбинӣ шудааст. Ташкил намудани дастгирии баҳрабарандагон тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ мақсади асосии Лоиҳа мебошад».

Дар семинар   мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорон оид ба раванди амалишавии маблағгузории хурди исломӣ дар доираи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон», намудҳои маблағгузории хурди исломӣ, имкониятҳои амалии истифодаи он дар шароити Тоҷикистон ва ҷараёни татбиқи низоми бонкдории исломӣ аз ҷониби БМТ маълумот доданд. Аз ҷумла, бо назардошти он, ки маблағҳои Барномаи VOLIP дар асоси амалиёти Муробаҳа ва Салам амалӣ мегарданд, вобаста ба ин намуди амалиёти маблағгузорӣ, хусусиятҳои асосӣ, раванди амалиёт, санадҳо, тарзи ҳисоб ва бозпардохти маблағ рӯнамоиҳо пешниҳод гардиданд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ-Душанбе, Ҳисор, Норак, Сарбанд, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Зафаробод амалӣ мешаванд.

 

Апрель 2, 2018 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид