Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҳаб Аҳмад Талат Наср мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ, байнипарлумонӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар робита ба ҳамкории байнипарлумонӣ пешниҳод гардид, ки гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таъсис дода шавад. Боиси тазаккур аст, ки ин гурӯҳ дар раванди ба тасвиб расонидани санадҳои дуҷониба ва бисёрҷониба саҳми намоён гузошта, ҷиҳати густариши бештари ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Акрамшо Фелалиев таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Миср дар мавриди масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд. “Мо омодаем, ки дар арсаи байналмилалӣ, махсусан дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва ҳамкорӣ бо Мисрро идома диҳем”, — афзуд А. Фелалиев.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҳаб Аҳмад Талат Наср дар навбати худ аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар ва ҳамчунин аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушнудӣ намуд.








Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






