Дар Исломобод машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исломобод машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Айтзаз Аҳмад роҳбарӣ намуданд.
Дар машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз мазмуну муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар ба марҳилаи татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ ва инфрасохторӣ ворид гардидааст, ки намунаи боризи он лоиҳаи интиқоли неруи барқи CASA-1000 мебошад.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасмими ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидан ба муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар таъйид гардид.
Дар доираи машваратҳо ҳамчунин табодули назар оид ба мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин росто мавқеи ҳамсони ҷонибҳо дар масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ба суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон таъкид гардида, ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду кишвар ва минтақа арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






