Дар пойтахт Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Сохтмони манзили дастрас», ки дар пойтахт фаъолият менамояд, Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори марбута ба имзо расонд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи таъсиси Шӯрои нозирон ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, саривақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар КВД «Сохтмони манзили дастрас» бо инобати истифодаи усулҳои идоракунии корпоративии корхонаҳои давлатӣ мебошад.
Дар асоси қарори мазкур низомнома, раис ва ҳайати Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» тасдиқ гардида, директори КВД «Сохтмони манзили дастрас» муваззаф шудааст, ки дар зарфи 10 рӯз корҳои заруриро барои доир намудани ҷаласаи нахустини Шӯрои нозирони КВД «Сохтмони манзили дастрас» ба анҷом расонад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони соҳавии Раиси шаҳри Душанбе вогузор шудааст.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






