Дар Самарқанд 140-солагии Садриддин Айниро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали минтақавии Академияи илмҳо «Турон»-и шаҳри Самарқанд бахшида ба 140-солагии нависандаи маъруф Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалӣ ва маросими ифтитоҳи намоишгоҳ доир гардид. Мулоқоти эҷодӣ олимон ва нависандагонро аз Тоҷикистон, Россия, Эрон, Афғонистон, Изроил ва ИМА ба ҳам овард. Дар ин бора шабакаи мустақили телевизионии Ӯзбекистон «STV.UZ» хабар медиҳад.
Фаъоли ҷамъиятӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва ӯзбек С. Айнӣ вақти бештари худро дар академия мегузаронд. Боғи мутааллиқ ба оилаи ӯ ба нависанда барои эҷоди повестҳову ҳикояҳои оламшумул илҳом мебахшид. Маҳз дар ҳаминҷо эҳсоси муҳаббат ба эҷодиёт дар ботини ӯ ба вуҷуд омад.
Дар ин чорабинӣ то зодрӯзи нависанда — 15 апрел омодагии ҳаматарафа дида мешуд. Аз ҷумла, хона-музейи устод, ки барои таъмиру навсозии он аз буҷети ҷумҳуриявӣ 300 миллион сум ҷудо шуда буд, тармим гардид. Дар баробари ин, маъмурияти Осорхона-мамнуъгоҳи давлатии Самарқанд барои навсозию таъмири нигораҳо ва зебо намудани хона-музейи С. Айнӣ маблағи муайян равона намуд. Дар рафти конфренсия доир ба эҷодиёти бисёрҷанбаи нависанда на танҳо академикҳо, олимон ва нависандагони ватанӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ низ ибрози андеша намуданд.
Дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ намоишгоҳ низ баргузор гардид. Дар он аксҳои нависанда ва оилаи ӯ ба намоиш гузошта шуданд.









Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






