Дар шаҳри Истаравшан Маркази наврасон ва ҷавонон таъсис дода шуд

Апрель 5, 2018 10:53

ДУШАНБЕ, 05.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Истаравшан дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Муассисаи давлатии «Маркази наврасон ва ҷавонон» таъсис дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат роҳандозӣ шуда, дар назар аст, ки дар маркази мазкур ба ҷавонон ҳунарҳои зиёди мардумӣ омӯзонида шаванд.

Дар марказ  курсҳои омӯзишӣ (аз ҷумла, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, рӯзгордорӣ ва ғайра), утоқи корӣ барои фаълияти филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, толори калони фарҳангӣ (700 ҷой), толори баргузории конфронс, семинарҳои омӯзишӣ, толори «Хонаи кино», толори мусиқисароӣ (караоке), китобхона, қаҳвахона ташкил карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки шумораи умумии ҷавонон дар шаҳри Истаравшан беш аз 98 ҳазор нафар буда, ифтитоҳи маркази мазкур барои ҷалби наврасону ҷавонон шаҳр ба корҳои ҷамъиятӣ, омӯзиши забонҳо, касбу ҳунар ва пешгирии амалҳои номатлуб байни наврасону ҷавонони шаҳр мусоидат менамояд.

 

Апрель 5, 2018 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад