Дар Тоҷикистон аквапарки калонтарин дар Осиёи Марказӣ бунёд мегардад

Апрель 24, 2018 15:24

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз кӯли Варзоб оид ба ободонӣ ва зебогардонии ин минтақа як зумра дастуру супоришҳо доданд. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ширкати «Сафед-Дара» моҳи августи соли равон дар Тоҷикистон калонтарин аквапарк дар Осиёи Марказиро ба истифода медиҳад. Аквапарки мазкур дар кӯли Варзоб, ки дар ҳамшафати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар назди соҳили дарёи Варзоб воқеъ мебошад, сохта мешавад.

Дар робита ба ин мухбири АМИТ «Ховар» аз рафти корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии кӯли Варзоб дидан карда, бо директори ширкати «Сафед-Дара» Баҳодур Исҳоқов ҳамсуҳбат шуд.

Дар суҳбат Баҳодур Исҳоқов зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур дар ҳамдастӣ бо ширкати туркии «Polin Waterparks», ки дар сохтмони аквапаркҳо дар ҷаҳон маъруф аст, татбиқ мегардад.

«Тибқи лоиҳаи таҳрезигардида, азнавсозии кӯл дар майдони умумии 158 787 м2 = 15,88 га амалӣ мешавад. Кӯл ба чор қисмат тақсим карда мешавад. Дар қисмати шимолии он  соҳил (пляж) барои шиноварӣ ва фароғату дилхушии кӯдакону наврасон ташкил шуда, он бо панҷараи турӣ иҳота мегардад. Дар ду қисмати мобайнии кӯл ҷой барои шиноварӣ ва истироҳати калонсолон ҷудо гардида, дар он теппачаҳои лағжонаки обӣ, ҷойи махсус барои бозиҳои волейболу футбол ва дигар намудҳои аттраксионҳои обӣ насб хоҳанд шуд», -гуфт Б. Исҳоқов.

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки дар кӯл ҷойи махсус барои рондани воситаҳои нақлиёти обии фардӣ (гидросикл) ва катамаранҳо тайёр карда мешавад. Дар атрофи кӯл таваққуфгоҳҳо барои 2000 воситаҳои нақлиёт ва пайроҳаҳо барои давидан ва дучархаронӣ (велосипедронӣ) сохта хоҳанд шуд.

Ба иттилои директори ширкат, масъалаи бехатарии муштариён дар «Кӯли Душанбе» дар сатҳи олӣ қарор хоҳад дошт. Ҳангоми шиноварии муштариён, алалхусус кӯдакон наҷотдиҳандагоне ифои вазифа мекунанд, ки давраи муайяни омӯзиширо гузаштаанд.

Таъкид гардид, ки дар кӯли мазкур диққати махсус ба риояи  меъёрҳои санитариву гигиении об дода мешавад. Баҳри амалӣ гардонидани ин тадбир дар кӯл стансияи махсусгардонидашудаи полоиш ва безараргардонии об  сохта шудааст.

Баҳодур Исҳоқов ҳамчунин зикр намуд, ки айни ҳол ба корҳои сохтмонии кӯл зиёда аз 200 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, пас аз ба кор шурӯъ кардани он беш аз 100 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин номбурда илова кард, ки дар ҳамбастагӣ бо ширкати эстонии «Wekeboard Solution» бори нахуст дар Тоҷикистон  Вейкбординг парк сохта мешавад, ки дар саросари олам писандида буда, барои дар рӯи об шино кардан бо таҷҳизоти гуногун пешбинӣ шудааст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд