«ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ»! Дар шаҳри Ҳисор ҷашнвораи хонандагони болаёқат доир шуд

Апрель 24, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷашнвораи хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор  ба саҳми назарраси маорифчиёни ин шаҳр  дар таълиму тарбияи насли наврас баҳои баланд дод.

Дар ҷашнвораи хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор, ки дирӯз дар Қарси фарҳанги  шаҳр доир гардид,  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва аҳли зиё иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз саҳми назарраси маорифчиёни шаҳри Ҳисор дар таълиму тарбияи насли наврас ва боло бурдани сифати таҳсилот ёдоваршуда, таъкид намуд, ки аз рӯи тамоми нишондодҳо шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор дар ҷумҳурӣ мақоми дуввумро ишғол мекунад. Ёрдамчии Президенти мамлакат афзуд, ки ташаббуси шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бобати қадрдонии хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои аввал шудаанд, боиси дастгирист, зеро ин иқдом насли наврасро ба донишомӯзӣ бештар ҷалб сохта, онҳоро  чун насли сазовори кишвари соҳибистиқлол ба воя расидан ҳавасманд мегардонад.

Ҳамзамон Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон  Ҷумъазода иброз намуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба андозаи 900 сомонӣ стипендияи раиси шаҳр ба хонандагони болаёқат ба назар гирифта шудааст.

Баъд аз суханронии иштирокдорон дар вазъи тантанавӣ ба ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Ҳисор ва омӯзгорони пешқадами шаҳр маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳо супорида шуданд.

Тавре  мудири  маорифи шаҳри Ҳисор Наргис Муқимзода изҳор дошт, ба волидони хонандагони пешсафи шаҳр низ мукофотҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Ҷашнвораи хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор бо барномаи театрикунонидашудаи консертии «Дониш талабу бузургӣ омӯз» анҷом ёфт, ки аз тарафи ҳозирин  хуш истиқбол гардид.

Апрель 24, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад