Душанбе ба нишасти сарони давлатҳои ИДМ ва СҲШ омодагӣ мегирад

Апрель 10, 2018 15:25

ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-  шаҳри Душанбе ба чорабиниҳои сатҳи баланд -нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарони саммити раисони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон дар Душанбе доир мегарданд, омодагии ҷиддӣ мебинад.

Тавре аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин росто бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт барои таъмири асосии кӯчаҳои А. Дониш (аз VIP-зали ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» то буриши кӯчаи С.Айнӣ) ва кӯчаи С.Айнӣ (аз буриши кӯчаи А.Дониш то буриши хиёбони Рӯдакӣ)» ва таъмири асосии хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов) ҷиҳати интихоби пудратчии асосӣ  озмун эълон карда шудааст.

Ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе ва омодагии  ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи баланд намои берунии бархе аз биноҳои баландошёнаеро, ки дар ҷодаҳои марказии пойтахт воқеанд, таъмиру навсозӣ намояд.

Апрель 10, 2018 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд