ЭҲТИРОМ БА ОБ-ЭҲТИРОМ БА НАСЛИ ОЯНДА, МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ВА НИГАҲДОШТИ ҲАЁТ ДАР РӮИ САЙЁРА АСТ. Дар ноҳияи Шуғнон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал конфронси илмӣ баргузор гардид

Апрель 6, 2018 09:45

ХОРУҒ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Умед»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 ба номи генерал Мастибек Тошмуҳамедови ноҳияи Шуғнон  бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 конфронси илмию амалӣ баргузор шуд. Омӯзгорону хонандагон, волидон  ва аъзои Ассотсиатсияи об ба  муносибати оғози ин рӯйдоди муҳим  дар бинои таълимгоҳ таомҳо ва ҳунарҳои  миллиро   ба намоиш гузоштанд. Ин таомҳо комилан аз маҳсулоти пок омода шуда, дар таркиби худ ягон намуд ҳамроҳкунандаҳои сунъӣ ё химиявӣ надоштанд. Ин маҳсулот аз зироате пухта шудаанд, ки  ҳангоми кишти онҳо деҳқонон бештар аз нуриҳои  органикӣ, яъне аз поруи маҳаллӣ ва оби поки рӯдхонаҳои кӯҳӣ  истифода кардаанд.

Раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Умед» Шафтолу  Саидазизов изҳор дошт, ки «Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳои ҷаҳон буд, ки  масъалаи  ҳифзу нигоҳдории обро  дар Созмони Милали Муттаҳид барои баррасӣ ба сарони кишварҳои ҷаҳон пешниҳод кард.  Дар робита ба ин, Маҷмаи Умумии СММ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005–2015-ро  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013-ро  «Соли байналмилалии ҳамкории об» эълон намуд».

Дар конфронс зикр шуд, ки Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамеша таъкид мекунанд, ки барои ҳалли мушкилоти об кишварҳо бояд  якҷоя амал намуда, афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодиро муайян созанд, маблағҳоро ба таври оқилона истифода баранд, обро барои нигоҳ доштани рушди устувор ва тавозуни экологӣ равона созанд. Пешвои миллат зимни суханронӣ дар саммити об, ки моҳи ноябри соли 2016 дар кишвари Булғористон баргузор шуд, бори дигар таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба истифодаи оқилонаи об ҷалб карда, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2018-2028 Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Пешвои миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, аз 22-юми марти соли равон  мавриди иҷро қарор гирифт.

Раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Умед» Шафтолу  Саидазизов аҳли толорро ба сарфарона истифода кардани об ва ҳифзи он даъват намуда, гуфт, ки «эҳтиром ба об- ин эҳтиром ба насли оянда, эҳтиром ба миллату давлат ва нигоҳдошти ҳаёт дар рӯи сайёра аст. Зеро  имрӯз миллионҳо  нафар сокинони сайёра  аз беобӣ азият мекашанд. Мутобиқи тадқиқоти олимон, то соли 2050  қариб 40 миллион аҳолӣ ба сабаби беобӣ макони зисти доимии худро худро тарк мекунанд. Хушбахтона, кишвари мо дар саргаҳи обҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад ва дар даҳсолаҳои оянда низ бо хатари беобӣ дучор нахоҳад шуд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо нисбат ба ин неъмати худододи табиат бепарвоӣ зоҳир намоем. Баръакс нисбат ба дигар сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ мо дар ҳифзу нигоҳдории оби тоза масъулияти бештар дорем».

Раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Умед» аз хонандагону омӯзгорон даъват намуд, ки моҳе як маротиба соҳили дарёи Панҷ ва рӯдхонаҳои маҳаллиро аз партову ахлот пок намоянд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Умед» бахшида ба  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» як моҳ қабл  байни хонандагон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Сарчашмаи оби диёри ман», расми беҳтарин дар мавзуи «Обро эҳтиром кунед» эълон карда буд. Дар ин рӯз ғолибони озмунҳоро бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.

Апрель 6, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад