Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» — пешгирӣ аз сар задани муноқишаҳо байни давлатҳост
ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадаф аз эълони ду даҳсолаи байналмилалии амал (2005-2015 ва 2018-2028), соли байналмилалии оби тоза (2003) ва соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони милали Муттаҳид пазируфта шудаанд, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, пайомадҳои манфии нарасидани оби нӯшокӣ, пешниҳод намудани роҳи ҳалли ин мушкилот аст. Дар ин бора – шарҳи хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баёнгари муносибати ҷиддӣ ва пайгиронаи Пешвои миллат ба мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об дар сатҳи ҷаҳон аст. Бояд зикр кард, ки мушкилии норасоии оби ошомиданӣ одӣ набуда, балки проблемаи асосии замони муосир мебошад.
Тибқи маълумоти СММ, имрӯз тахминан 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Вобаста ба мавзӯи мазкур дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҷаллаи «Хроникаи СММ» моҳи марти соли 2018 таҳти сарлавҳаи «Об барои рушди устувор» чоп кардааст, чунин оварда шудааст: «Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон, то ҳоло зиёда аз 844 миллион одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то 2,3 млрд мерасад».
Имрӯз бисёре аз сиёсатмадорон ва роҳбарони мӯътабари ҷаҳонӣ ақидаву пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷиконро дарк карда, дар суханрониҳои худ ба он такя мекунанд. Яъне, онҳо низ дарк кардаанд, ки масъалаи норасоии оби нӯшокӣ проблемаи кишвар ё минтақаи алоҳида набуда, балки умумиҷаҳонӣ аст ва бетаваҷҷуҳӣ ба он пайомадҳои хатарнок ва мудҳиш, аз ҷумла, хатари муноқишаҳои бузурги низомиро метавонад ба миён орад.
Попи Рим Франсиск дар яке аз конфронсҳое, ки оғози соли равон баргузор гардид, аз эҳтимоли сар задани муноқишаҳои бузурги ҷаҳонӣ барои об ҳушдор дод. «Ҳуқуқ ба об яке аз муҳимтарин омил барои зинда мондани инсон ва ояндаи инсоният аст. Аз худ мепурсам, ки оё мо ба сӯйи ҷанги бузури ҷаҳонӣ барои об равона нестем. Рақамҳое, ки СММ интишор намудааст, наметавонанд моро бетараф гузоранд. Ҳар рӯз ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Бояд таваққуф кард ва ин вазъиятро ба қафо баргардонид. Хушбахтона, ин ғайриимкон нест, аммо фаврӣ аст», — ин иқтибос аз суханони Попи Рим Франсиск дар сомонаи Znak.com. дарҷ шудааст.
Дар гузоришҳои вобаста ба об интишорнамудаи СММ низ дар мавриди хатари ба миён омадани муноқишаҳои ҷиддӣ ва низомӣ таъкид шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки муддати 50 соли охир 507 муноқиша маҳз дар масъали об ба қайд гирифта шуда, дар 21 ҳолат муноқишаҳои лафзӣ ба муноқишаҳои низомӣ расидаанд. Ҳоло ҳам баҳсҳои зиёд дар мавриди обу истифодаи он боқӣ монда, ҳар лаҳза хатари ба ҷанг мубаддал гаштани ин баҳсҳо вуҷуд дорад.
Тавре ки аз таърих бармеояд, соли 1975 байни Сурия ва Ироқ муносибатҳо хеле сард ва муташанниҷ гардиданд. Сабаби аслӣ истифодаи оби дарёи Ефарот буд. Неруҳои ҳарбии Ироқ ба сарҳади Сурия сафарбар шуданд ва танҳо пас аз мудохилаи СММ як ҷанги дигар барои об пешгирӣ карда шуд. Соли 1990 Ироқ ва Туркия низ барои истифодаи оби ин дарё дар садади оғози ҷанг қарор доштанд.
Соли 1994 неруҳои ҳарбии Миср барои зери идораи худ гирифтани оби дарёи Нил вориди давлати Судон шуданд. Ин дарё барои Миср аҳамияти хеле муҳими ҳаётӣ дорад, зеро аксари сокинони ин кишвар оби ошомиданиро маҳз аз ҳамин дарё мегиранд.
Дар Африқо низоъҳо барои об ба таври доимӣ рух медиҳанд. Давлатҳои Ботсвана, Ангола ва Намибия наметавонанд оби дарёи Окавангоро байни худ одилона ва оқилона тақсим намоянд. Эфиопия, Судон ва Миср низ дар мавриди нобаробар тақсим шудани оби дарёи дарозтарин – Нил вориди баҳсу кашмакашҳои дуру дароз гаштаанд.
Низоъшиносон яке аз омилҳои асосии ҷанги даҳсолаҳо идомадоштаи Исроил ва Фаластинро ба истифодаи оби минтақа вобаста медонанд. А.А.Филоника, коршинос аз Донишкадаи омӯзиши Исроил ва Шарқи Наздик таъкид мекунад, ки вақте сухан аз муноқишаҳои тӯлонии Исроилу Фаластин меравад, воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон бештар ба омилҳои терроризм ва амнияти минтақа таваҷҷуҳ мекунанд ва як нуктаи муҳими низоъ – проблемаи истифодаи об дар минтақаро фаромӯш месозанд. Дар ҳоле, ки баҳси истифодаи об яке аз сабабҳои аслии низоъ дар Шарқи Наздик аст.
Масъалаи норасоии оби тоза аз ба охир расидани захираҳои нафт ҳам муҳимтар шудааст. Аксари кишварҳои арабӣ, ки аз захираҳои фаровони нафт бархӯрдоранд, байни худ барои истифодаи захираҳои обии минтақа баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо то ба муноқишаҳои ҷиддӣ мерасанд. Метавон аз Арабистони Саудӣ ва Яман мисол овард, ки барои истифодаи об баҳсу мунозираи шадид доранд.
Яке аз сабабҳои бархӯрдҳои низомӣ байни Покистон ва Ҳиндустон дар минтақаи Кашмир низ барои истифодаи захираҳои обии ин минтақа аст. Дарёи Индӣ барои Покистон аҳамияти стратегӣ дорад ва дарёи мазкур аз Кашмир, минтақаи зери назорати Ҳиндустон қарордошта сарчашма мегирад. Соли 2005 муносибатҳо байни ду кишвар хеле шиддат гирифт ва танҳо мудохилаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тавонист онро то андозае ба эътидол биёрад. Аммо таҳлилгарони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки ин оромӣ барои як муддати кӯтоҳ аст ва ояндаи наздик мумкин аст дар ин минтақа боз муноқишаҳо сар зананд.
Проблемаи мазкур мушкилоти рақами яки инсоният дар асри XXI аст. Метавон гуфт, ки бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нукта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне Сарвари давлати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд. Шурӯъ аз соли 2003, яъне замоне, ки аввалин маротиба Президенти Тоҷикистон дар мавриди эълони «Соли байналмилалии оби тоза» ташаббус нишон доданд, то ба имрӯз ин мавзӯъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ мешавад. Бояд эътироф намуд, ки ин иқдомоти Сарвари давлат боиси афзоиши нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардида, ӯро ҳамчун як сиёсатмадори қавиирода, дурандеш ва инсондӯст муаррифӣ намудааст.
Мақсади аслӣ аз ин иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ пайдо намудани роҳи ҳалли проблема, пешгирӣ аз сар задани муноқишаҳои бузурги байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба истифодаи дуруст ва захираи оби ошомиданӣ барои имрӯз ва фардо мебошад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд инро пешбинӣ намоянд.
Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»