Фестивали «Футбол ба назди шумо меояд — 2018» дар Бадахшон

Апрель 26, 2018 14:28

ДУШАНБЕ, 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар варзишгоҳи деҳаи Дерӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон Фестивали «Футбол ба назди шумо меояд — 2018»  баргузор гардид.

Тавре хабарнигори рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» Мамадалӣ Бахтиёров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҳавои гимни FIFA фестивал оғоз ёфта, дар он 11 тими футболбозони навраси аз 6-сола то 12-сола машқҳои варзишӣ намоиш доданд.

Раҷабов Шамсиддин, намояндаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон дар суҳбат изҳор дошт, ки Фестивали «Футбол ба назди шумо меояд» чор сол боз дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад ва имсол Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки фестивалро дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ гузаронад. Мақсади фестивал ташкилу дастгирии футболи лигаи ҳавлигӣ (дворная лига) ва ташвиқи футбол дар саросари мамлакат мебошад. Барои ин тимҳои махсус лозим нест, балки он наврасоне, ки дар кӯчаҳо ва ҳавлиҳо ба футболбозӣ машғуланд, шавқманд карда мешаванд.

Даври ниҳоии фестивал моҳи июн дар шахри Хоруғ баргузор мешавад, ки дар он аз ҳар ноҳия чор тим —  тими кӯдакони 6-7-сола, тими кӯдакони 8-9-сола, тими наврасони 10-11-сола ва тими наврасони 12-сола ширкат хоҳанд кард.

Мутахассиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Владимир Домуллоҷонов, ки кӯдаконро ба фестивал тайёр мекард, иброз дошт, ки фестивали «Футбол ба назди шумо меояд -2018»  аз моҳи январ ин ҷониб идома ёфта, дар шаҳрҳои  Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар гузаронида шуд. Моҳи апрел фестивали мазкур дар водии Рашт ва Бадахшон гузаронида шуда истодааст.

«Фестивал шавқи кӯдакону наврасонро ба бозии футбол зиёд мекунад ва мо инро ҳангоми сафар ба навоҳии кишвар баръало ҳис мекунем», — гуфт Владимир Домуллоҷонов.

Дар фарҷоми фестивал ба футболбозони навраси ноҳияи Рӯшон 20 тӯби футбол ва се дарвоза тақдим карда шуд. Пас аз барномаи расмии фестивал байни наврасон бозии футбол ташкил гардид.

 

Апрель 26, 2018 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад