«ХУРРАМГАРДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР — РИСОЛАТИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТ»,-ҳашари умумишаҳрӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, 14 апрел беш аз 800 нафар кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ ба ҳашари умумишаҳрӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати сокинони пойтахт» баромаданд.
Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳашари оммавӣ кормандони ниҳодҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳудуд, роҳрав, низоми обпарто ва гулгашту чаманзорҳои боғро рубучин карда, хасу хошок ва гилу партовҳои дигарро ҷамъоварӣ намуданд. Инчунин иштирокдорони ин тадбири оммавӣ баҳри нашъунамои хуб бехи ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии боғро нарм карданд.
Тадбири ободонӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт ташкил гардид. Ҳадафи чорабинии мазкур тозаву озода намудани боғу гулгашт ва роҳу хиёбонҳои пойтахт, саҳм гузоштан дар тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти ободу зебо гардонидани пойтахт ва фароҳам овардани шароити хуби санитариву экологӣ дар марказҳои оммавии шаҳр мебошад.
Ҳамзамон, субҳи 14 апрел дар доираи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ – варзишӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст», ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки шанбеи сеюми моҳи апрел тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






