ИД МУБОРАК! 25 соли фаъолияти Қӯшунҳои дохилӣ — аввалин сохтори ҳарбии Тоҷикистон ва ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат

Апрель 10, 2018 08:11

ДУШАНБЕ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 10 апрел ҳамчун Рўзи Қӯшунҳои дохилӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли равон аз таъсиси Қӯшунҳои дохилии ҷумҳурӣ 25 сол сипарӣ мегардад. Дар ин замина ҷиҳати фаҳмидани он, ки Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо кадом нишондиҳандаҳои баланд ва омодабошии ҷангиву интизоми намунавии ҳарбӣ ин санаи таърихиро таҷлил мекунанд, мухбири АМИТ «Ховар» бо Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, подполковник Суҳроб Рауфов суҳбат намуд.

Ба гуфтаи Суҳроб Рауфов, қӯшунҳои дохилӣ сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷиикистон буда, вазифаҳои он асосан аз мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва назми ҳуқуқии вазъияти фавқулода, посбонӣ ва муҳофизаи объекту иншооти махсусан муҳим ва дорои тартиботи махсус,  иштирок дар мубориза бар зидди терроризм, иштирок дар бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои нохуш, офатҳои калон ва дигар ҳолатҳои фавқулода иборат аст. Қӯшунҳои дохилӣ сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷиикистон буда, вазифаҳои он асосан аз мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва назми ҳуқуқии вазъияти фавқулода, посбонӣ ва муҳофизати объекту иншооти махсусан муҳим ва дорои тартиботи махсус,  иштирок дар мубориза бар зидди терроризм, иштирок дар бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои нохуш, офатҳои калон ва дигар ҳолатҳои фавқулода иборат аст.

Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аввалин сохтори ҳарбии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад, зеро дар даврони шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ҷуз қисмҳои ҳарбии 6593, 3501 ва 6592-и Қӯшунҳои дохилии ВКД ИҶШС, дивизияи 201-ум ва заставаҳои сарҳадии Кумитаи бехатарии давлатии ИҶШС дигар воҳиди ҳарбӣ қарор надошт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дивизияи 201-ум ва заставаҳои сарҳадӣ пурра ба ихтиёри Федератсияи Россия гузашта, танҳо қисмҳои ҳарбии 6593, 3501 ва 6592 дар ихтиёри давлати тозаистиқлоли мо нигоҳ дошта шуданд. Дар заминаи ин қисмҳои ҳарбӣ ва бо таъсиси қисмҳои ҳарбии нав- 5453 ва 3502, 10 апрели соли 1993 ба таври расмӣ Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шуд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бо назардошти вазъияти мураккаби сиёсии кишвар ва таҳдиди воқеӣ ба истиқлолияти Тоҷикистон сохтори Қӯшунҳои дохилӣ такмил дода шуда, то соли 1995 дар ҳайати он қисмҳои ҳарбии нав таъсис дода шуд. Бо ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ дар кишвар, барқарор шудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, теъдоди ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ихтисор карда шуда,  қисми ҳарбии 3571-и он ба Гвардияи президентӣ (ҳоло Гвардияи миллӣ) табдил дода шуд ва як теъдоди муайяни ҳайати шахсии он ба ҳайати Қӯшунҳои сарҳадии кишвар шомил карда шуд.

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали таъсиси қӯшун намунаи ибрати афсарону сарбозони дигар сохторҳои ҳарбии кишвар буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.  Таърих гувоҳ аст, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандориро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон додаанд. Дар давраи баргузории Иҷлосияи тақдирсози  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сохторҳои ҳарбии кишвар маҳз афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилӣ барои таъмини амнияти вакилони мардумӣ ҷалб гардида буданд, ки ин омил мояи ифтихори мост.

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ давоми солҳои 1992-1997 барои таҳкими истиқлолияти давлатии кишвар, барқароркунии сохти конститутсионии давлат, таъмини сулҳу суботи мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои босазо карда, дар ин раванд зиёда аз 600 нафар ҷони худро нисор карданд ва беному нишон гаштанд, ки ҷасорату диловарии онҳо сабақи матонату фидокорӣ барои насли имрӯз мебошад.

Давоми солҳои баъдӣ низ ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар тамоми амалиёти муштараки сохторҳои қудратии кишвар оид ба безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаҳои мухталифи мамлакат фаъолона иштирок намуда, аз худ намунаи баланди мардонагӣ, матонат ва чолокии касбӣ нишон додаанд.

Суҳроб Рауфов мегӯяд, ки имрӯзҳо қувваи Қӯшунҳои дохилӣ асосан баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва таъмини амнияти иншооти махсусан муҳими давлатӣ равона гардидааст. Дар ин замина, ҳамарӯза 300 нафар сарбозони қӯшун дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмати посбонӣ-пайроҳадорӣ ҷалб карда мешаванд, ки омили мазкур барои таъмини амнияти шаҳрвандону меҳмонон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад.

Машғулиятҳои махсуси омӯзишӣ, машқҳои доимии тактикию  ситодӣ-фармондеҳӣ, ба замми ин иштирок дар нигоҳбонии шабонарӯзии тартиботи ҷамъиятӣ, ширкат дар таъмини амнияти чорабиниҳои калонҳаҷми сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва варзишии дар пойтахти кишвар ва марказҳои маъмурии вилоятҳо доиршаванда, муҳофизати  иншооти махсусан муҳими давлатӣ, омодагии доимӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳар гуна амалҳои тахрибкорӣ ва дигар амалҳо номгӯи хеле мухтасарест, ки дар фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қӯшун ба сомон расонида мешаванд. Ҳар  фарди хизмати ҳарбӣ адонамуда ба осонӣ сарфаҳм меравад, ки паси мафҳумҳои номбаршуда чӣ қадар заҳмату ташвишҳо ниҳон гаштаанд.

«Имрӯз бе муҳобот гуфтан мумкин аст, ки шароити будубош ва таъминоти моддӣ-маишии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар сатҳи сохторҳои ҳарбии кишвар дар сафи пеш қарор дорад, ки ин маҳз аз кумаку ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилию ҳайати роҳбарикунандаи қӯшун шаҳодат медиҳад»,-зикр менамояд ӯ.

Мусаллам аст, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматию  ҷангӣ омода будани воҳиди ҳарбӣ маҳз аз сифатнокии ҳайати кадрии он вобастагии ногустастанӣ дорад. Бо ин мақсад давоми солҳои 1993-1997 омодасозии кадрҳои ҳарбӣ барои қӯшун бо ташкили курсҳои таъҷилӣ дар заминаи Мактаби олии милитсияи (айни ҳол Академияи) Вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ гардида буд. Бо ташаккули сохторҳои ҳарбии мамлакат ва тақозои замон, соли 2000 дар заминаи факултети №4-и Академияи ВКД бахши алоҳидаи  таълимии хоси Қӯшунҳои дохилӣ таъсис дода шуд, ки таъминоти кадрии қисму воҳидҳоро боз ҳам беҳтар намуд.

Бояд гуфт, ки бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 Созишномаи байни давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) оид ба омодасозии кадрҳои ҳарбӣ барои давлатҳои аъзои Аҳднома ба имзо расонида шуд, ки дар заминаи он аз соли 2009 инҷониб хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар донишкадаҳои ҳарбии Гвардияи миллии (дар собиқ Қӯшунҳои дохилии) Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо тариқи ройгон ба таҳсил фаро гирифта шуда, омили мазкур сифатнокии ҳайати кадрии қӯшунро ба сатҳи нисбатан нав оварда мерасонад.

Ба иттилои фармондеҳ, аз оғози таъсис то инҷониб зиёда аз 50 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва 4 нафар афсарони қӯшун бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ин ҳолат аз қадршиносию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба хизматҳои пайвастаи хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад.

10 апрели соли равон аз рӯзи таъсиси Қӯшунҳои дохилӣ 25 сол сипарӣ мегардад. Дар ин замина ҷиҳати бо нишондодҳои баланди омодабошии ҷангӣ ва интизоми намунавии ҳарбӣ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ корҳои омодагӣ роҳандозӣ мегарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ба ҷаҳон хатари воқеии хурӯҷи терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таҳдид карда истода, ин омил давлатҳоро, пеш аз ҳама, барои тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангии сохторҳои қудратии худ водор менамояд. Дар ин замина, тибқи дастури роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Қӯшунҳои дохилӣ тасмим гирифтааст, ки имсол тайёрии ҷангии қисму воҳидҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, бо ин мақсад баргузории машқҳои тактикӣ, мусобиқаҳои варзишӣ-ҳарбӣ ва машғулиятҳои махсусро ҳарчӣ бештар ба роҳ монад.

«Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ оид ба комилан аз байн бурдани ҳолатҳои муносибати ғайриоинномавӣ дар байни сарбозон, барнома ва нақшаҳои алоҳида таҳия мегарданд ва мо бовар дорем, ки бо татбиқи санадҳои мазкур дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, рафоқат ва дӯстии шикастнопазири коллективҳои ҳарбӣ боз ҳам тақвият бахшида хоҳад шуд»,-афзуд Суҳроф Рауфов.

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ватандӯстони асил малакаю маҳорати касбии худро ба таври доимӣ баланд нигоҳ дошта, дар кори ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон, ҳифзи Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

 

                            Маълумоти АМИТ “Ховар”:

Рауфов Суҳроб Орзуевич,  подполковник,  11 декабри соли 1973 таваллуд шудааст.  Миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, соли 2001 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1996.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: сардори ротаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири взводи ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, муовини сардори Ситод оид ба ротаи разведкаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири баталёни фаврии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири полки фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД.

Рауфов Суҳроб Орзуевич  12 декабри соли 2017 ба вазифаи фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Апрель 10, 2018 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор доир гардид
«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид