«МАҚОМ ВА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ВОБАСТА БА ОБ ДАР ҶАҲОН», — зери ин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ – назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мақом ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар ҷаҳон» баргузор намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин конфронс хабар дод, дар кори конфронс Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Насимҷон Расулзода, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Муҳаббат Холназаров ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Насимҷон Расулзода мақсад аз баргузории конфронсро ташаккули тафаккури сиёсиву ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсӣ, ҳисси баланди ватанпарастиву ватандӯстӣ, худшиносии милливу худогоҳӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз тақлиди бегона ба ин васила ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва ганҷҳои бебаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол унвон карда, зикр намуд, ки «иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби СММ ба хотири бартарафсозии муаммоҳои экологӣ дар сайёраи мо мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натанҳо амали ғамхоронаву хайрхоҳона барои мардуми мо мебошад, балки барои аҳолии сайёраи замин аст».
Ҳамчунин дар идомаи конфронс Холназар Муҳаббатов зикр намуд, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон дар саргаҳи ташаккулёбии манбаъҳои оби тозаи Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва 64%-и оби минтақа аз кӯҳсори кишвари мо сарчашма мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






