Муаррифии ёдгории табиӣ ва таърихии Тоҷикистон-«Чилдухтарон» дар намоишгоҳи расмҳо бахшида ба Соли фарҳангӣ дар ИДМ
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрели соли 2018 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус маросими ифтитоҳи намоишгоҳи наққошиҳо ва графика таҳти унвони «Мувофиқат дар гуногунӣ» бахшида ба Соли фарҳангӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифтитоҳ муовини якуми раиси Кумитаи иҷроия – муовини котиби иҷроияи ИДМ Виктор Гуминский, Раиси Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои ИДМ — Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар, Директори Осорхонаи миллии санъати Ҷумҳурии Беларус Владимир Прокоптсов ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод сухан гуфтанд.
Сафир Маҳмадшариф Ҳақдод зимни намоишгоҳ муҳимияти ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарии кишварҳои ИДМ-ро таъкид карда, зикр намуд, ки дар доираи раисии Тоҷикистон дар ИДМ соли 2018 ҳамчун Соли фарҳангӣ эълон карда шудааст. Он воситаи муколамаи байнифарҳангӣ ва байналмилалӣ дар асоси ҳифзу рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг арзёбӣ мегардад.
Намоиши наққошиҳои «Мувофиқат дар гуногунӣ» аз маҳсули асари рассомони кишварҳои ИДМ аз хазинаи Осорхонаи таърихии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Осорхонаи миллии санъат ва Китобхонаи президентии Ҷумҳурии Беларус манзур гардида буд.
Дар доираи маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусаввараи рассоми ҷавони тоҷик А. Давлат «Чилдухтарон»-ро ҳамчун туҳфа ба ҷониби Беларус тақдим намуд.
Дар баробари ин, Сафир ба иттилои ҳозирин расонд, ки соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Ӯ аз фурсат истифода бурда, диққати меҳмононро ба тамошои филми сайёҳӣ дар бораи ёдгории маъруфи табиӣ ва таърихии Тоҷикистон бо номи «Чилдухтарон» ҷалб намуд.
Дар анҷом М. Ҳақдод ҳозиринро барои ба Тоҷикистон сафар кардан ва пайдо намудани имконияти дидани водии «Чилдухтарон», ки дар фасли баҳор махсусан зебо ва ҷолиб мегардад, даъват намуд.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






