Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб сидқан табрику таҳният мегӯям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо зина ба зина рушд ёфта, ҷанбаҳои нави созандаро пайдо кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳояшро бо кишвари дӯсти Миср баланд арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.
Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои пайгиронаи ҳар ду ҷониб тамоми имкониятҳои дар ин самт мавҷуда мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ мавриди истифодаи самаранок қарор хоҳанд гирифт.
Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Миср сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоӣ орзу менамоям».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Бо арзи дуруду салом, дар чаҳорчӯби муносибатҳои бародарӣ ва дӯстӣ, ки кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайванданд, бо камоли масаррат ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимии худро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни ду кишвари дӯсти мо ирсол менамоям. Мо ба ин муносибатҳо арҷ мегузорем ва онҳоро гиромӣ медорем.
Мехоҳам ба Шумо, ҷаноби Президенти арҷманд, итминон диҳам, ки мо хоҳони густаришу таҳкими муносибатҳои вежаи дӯстӣ ва ҳамкории самарбахш байни ду кишвар ва мардумони дӯстамон ҳастем. Гузашта аз ин, мо ният дорем, ки ҳамоҳангсозиҳо ва робитаҳоро дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаамон идома дода, таҳким бахшем, то онҳо ба сатҳи муносибатҳои фарогири ҳамкорӣ байни ду кишвар боло бардошта шаванд.
Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ, ба кишвари дӯсти Шумо баракоту пешрафт ва ба мардуми меҳнатқарини он осоишу шукуфоӣ орзу менамоям. Ба манзури ноил шудан ба пешрафти бештар дар чаҳорчӯби муносибатҳои ҳамкории созандае, ки моро ба ҳам мепайванданд, умедвори кору фаъолияти зич бо кишвари дӯсти Шумо ҳастам.
Лутфан, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқа ва таманниёти комёбиву пирӯзии моро ба унвонатон бипазиред».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






