О-ФА-РИН! Мактаббачагони тоҷик бори дигар дар сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои баландтарин нишон дода, соҳиби 13 медали тилло, 13 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд

Апрель 24, 2018 16:56

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Талабагони мактабҳои Тоҷикистон дар 7-умин Олимпиадаи байналмилалии наврасони ихтироъкор — «Malaysian International Inventors Olympiad» (MIYIO 2018), ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кедахи Малайзия баргузор гардид, бори дигар дар сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои баландтарин нишон доданд. Ихтироъкорони навраси тоҷик дар олимпиадаи мазкур соҳиби 13 медали тилло, 13 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд.

Ба дастаи Тоҷикистон хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон (бо роҳбарии Ҳушанг Собиров-муаллими химия), Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе, литсейи кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд (бо роҳбарии Аҳмадҷон Фахриддинов), мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе (бо роҳбарии Илҳом Ҳотамӣ ва Улуғбек Мирзоев), литсейҳо барои кӯдакони болаёқати шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода шомил буданд.

Хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе 4 медали тилло ба даст оварданд. Хонандагони литсей барои кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби се медали тилло ва хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ соҳиби ду медали тилло гардиданд. Инчунин, хонандагони Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мукофоти махсуси ҳайати доварони олимпиада гаштанд.

Толибилмони тоҷикро 21 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ ба ҳузур пазируфт.

Сафир зимни мулоқот ихтироъкорони наврасро бо ин пирӯзии назаррасашон табрику муборакбод намуда, таъкид кард, ки дар натиҷаи сиёсати созанда ва ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар сифати таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рӯз ба рӯз беҳтар шуда истодааст. Сафир ба ихтироъкорони наврас тавсия дод, ки ҳарчи бештар китоб хонанд, бо навигариҳои илму техникаи ҷаҳон шинос шаванд ва забонҳои хориҷӣ омӯзанд, зеро акнун замони технологияҳои нав фаро расидааст ва пешравии ҳар як давлатро, пеш аз ҳама, истифода ва кашфи технологияҳои нав муайян мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандаи Олимпиадаи байналмиллалии ихтироъкорони наврас Вазорати маорифи Малайзия мебошад. Соли ҷорӣ дар ин олимпиада беш аз 200 ихтироъкори наврас аз 15 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Апрель 24, 2018 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд