Ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар анҷумани давлатҳои мутамаддин – шарҳи матбуот

Апрель 5, 2018 15:44

ДУШАНБЕ 05.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (2.04.2018,№65) бо суханони зерини Пешвои миллат дар рубрикаи «Сухани рӯз»: «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад» аз чоп баромадааст. Нашрия ҳамчунин оид ба сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара ва шиносоӣ бо мамнӯъгоҳи «Хуталон» гузориш пешниҳоди хонандагон кардааст. Масоҳати мамнӯъгоҳи мазкур 6 ҳазор гектарро ташкил дода, дар он парандагону ҳайвоноти нодир: оҳуи холдор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, муфлон ва мурғи тазарв парвариш карда мешаванд. Президенти мамлакат баъд аз шиносоӣ бо мамнӯъгоҳ диққати масъулони онро ба зиёд намудани саршумори чорвои нодир, идома додани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнӯъгоҳ ҷалб намуда, оид ба таъмини хӯроки ҳайвонҳо дар фасли сармо супоришҳои мушаххас доданд.

«Диншиносӣ. То куҷо муваффақ шудем?» — бо чунин сарлавҳа нашрия мақолаи таҳлилии ходими илмии Академияи илмҳои мамлакат Ғаффор Мирзоевро дарҷ кардааст. Муаллиф навиштааст: «Диншиносӣ таълими ақида ва ё тарғиби он нест. Он ҷаҳонбинии илмӣ аст, ки динро ҳамчун соҳа ва предмети омӯзиш қарор медиҳад. Ҳадафи он баръакси атеизм на инкориву илҳодӣ, балки омӯзиши ҳаматарафаи паҳлӯҳои дин, бо роҳи созандагӣ равона намудани он ва пешгирӣ аз ҷиҳатҳои манфиву харобиовар мебошад».

Муҳтавои шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (4.04.2018,№67) аз мақолаҳои зерин: «Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва рушди ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО», «Минтақаи озоди иқтисодии Данғара: марҳалаи нави рушд», «Тоҷикон ва ӯзбекон. Таърихи навини ҳамсоядорӣ», «Оби фаровони Ватан. Ба қадри он расем», «Бобоҷон Ғафуров – абармарди миллат», инчунин хабарҳо оид ба мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус М.Ҳақдод бо вазири корҳои хориҷии ин мамлакат В.Макей, маросими гусели наваскарон ба сафи артиши миллӣ иборат ёфтааст. Мақолаи «Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва рушди ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО» ба муносибати 25-солагии узвияти Тоҷикистон дар ЮНЕСКО навишта шуда, муаллифи мақола муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ аз таърихи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ёдовар шуда, зикр кардааст: «Дар рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО сиёсати фарҳангӣ ва ибтикороти фарҳангпарваронаи Пешвои миллат нақши меҳварӣ дорад. Ҷавҳари ин сиёсатро пуштибонӣ аз манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, дифоъ аз забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ дар баробари эҳтиром ба дастовардҳои маънавии халқҳои дигар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ ташкил мекунад. Ин сиёсат боиси таҳкими мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон, дарёфти ҷойгоҳи сазовор дар анҷумани давлатҳои мутамаддин ва созмонҳои байналмилалӣ гардидааст».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (5.04.2018,№42) аз шиносоии Пешвои миллат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе гузориш чоп кардааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъд аз шинос шудан бо лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ ва корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ дарахти каштан шинонданд. Гулгашти мазкур, ки дар маркази хиёбони Рӯдакӣ ва ҷойи диққатҷалбкунанда бунёд мегардад, майдони 3 гектарро дар бар гирифта, дар сеяки масоҳати он сабзазоркунӣ, сохтмони фаввораҳои гуногун, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, қаҳвахонаи тобистона ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Нашрия ҳамчунин мусоҳибаи хабарнигор Д.Мергановро бо раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ҷӯрахон Маҷидзода дар мавзӯи бо қарорҳои судӣ мусодира шудани молу мулки шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, бо сарлавҳаи «Мусодираи амволи шахси ҷинояткор оё «забти рейдерӣ» аст?» пешкаши хонандагон кардааст. Ҷӯрахон Маҷидзода иттилоъ додааст, ки Парлумони Тоҷикистон таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳонро ба назар гирифта, ба қонунгузорӣ оид ба мусодираи амвол тағйироти ҷузъӣ ворид кард ва акнун дар Кодекси ҷиноятӣ мусодираи молу мулк танҳо нисбат ба молу мулке, ки ба ҷинояти содиркарда вобаста аст, татбиқ карда мешавад. Мусоҳибон паҳлӯҳои дигар ин мавзӯи муҳимро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Мақолаҳои «Ҳасан Норбеков: «Мо ҳам Президенти Тоҷикистонро дӯст медорем», «Дурахши пурфурӯғе дар худшиносии миллӣ», «Бонуе, ки сабадҳои бофтаашро хориҷиён армуғон мебаранд», «Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ ба такмил ниёз доранд», ки дар саҳифаҳои дохилии нашрия чоп шудаанд, мавзӯъҳои муҳимро инъикос намудаанд.

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» гузориш доир ба ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва санҷиши сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро чоп кардааст. Гурӯҳи корӣ иборат аз 17 нафар давоми ду сол асарҳои 400 нафар аъзои ИНТ-ро мавриди таҳлилу баррасиву тақриз қарор дод. Аксари тақризҳо пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи шӯроҳо, бахшҳо ва Гурӯҳи корӣ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба чоп расиданд. Дар давоми солҳои 2016-2017 чил нафар ба сабаби ҷавоб надодани сифати асарҳояшон ва як нафар бино бар тақаллуб дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз узвияти Иттифоқ хориҷ гардиданд, ба панҷ нафар барои омӯзишу ислоҳи норасоиҳои эҷодашон муҳлат дода шуд, — омадааст дар Гузориши мазкур.

Нашрия дар саҳифаи назм шеърҳои Раҳмат Назрӣ «Як остин салом», «Нақши қалам», «Сафарнома», дар саҳифаи наср ҳикояҳои Ҳабиб Имодӣ «Қисмат», Абдулвосеъ Сангинов «Қадами нахустин», дар саҳифаи нақд навиштаи Р. Ваҳҳобзодаро бо номи  «Марши ҳуррият» — шафақи субҳи шеъри нави тоҷик» пешкаши дӯстдорони адабу санъати миллӣ кардааст.

А. САНГЗОДА,

АМИТ “Ховар”

Апрель 5, 2018 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд