Озмун барои офаридани муҷассамаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он, барои таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирони бузурги адабиёти классикии тоҷику ӯзбек – Нуриддин Абударҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ дар боғи ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» озмуни кушод гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар асоси қарори мазкур Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муввазаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморон ва рассомони Тоҷикистон барои ҷалби беҳтарин меъморон, рассомон ва ҳайкалтарошони ватанию хориҷӣ тадбирҳо андешад. Озмуни кушод аз 16 апрел то 15 июни соли равон гузаронида шуда, дар он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ имкони иштирок карданро доранд. Озмун 20 июни соли ҷорӣ ҷамъбаст карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки қарори мазкур бо мақсади иҷрои банди 3 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 марти соли 2018 ба тасвиб расидааст.
Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли равон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе боғи «50 –солагии ҷавонон», ки дар кӯчаи Беҳзод воқеъ аст, ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» гузошта шуд. Ин иқдом рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек маънидод мегардад.








Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






