Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» тағйиру иловаҳо ворид менамояд
ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» — тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкурро дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон раиси кумитаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода тавзеҳ дод.
Мавсуф гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ, пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон, механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳо барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулотӣ ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод шудааст. Инчунин дарёфти механизм ва роҳҳои алтернативии ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳо, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат ба рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар мебошад.
Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






