ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН: Барои ташкили пойгаҳои ғайрирасмӣ муҷозот пешбинӣ мешавад
ДУШАНБЕ,17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, лоиҳаи мазкурро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст.
Тибқи лоиҳаи Қонун, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3261 бо мақсади пешгирӣ намудани ташкили пойгаҳои ғайрирасмӣ, инчунин идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои ғайрирасмӣ ё ба идораи шахси дигар додани воситаи нақлиёт барои иштирок дар чунин пойгаҳо бо муқаррар кардани ҷавобгарӣ ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол илова карда мешавад.
Инчунин ҷиҳати аз байн бурдани шарҳи гуногуни моддаи 338 моддаи зикргардида дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.
Илова бар ин, дар лоиҳа бо мақсади ба танзим даровардани иштироки ноболиғ, додани иҷозати воридшавӣ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толори букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои копютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ ворид намудани моддаи 4641 пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон барои мутобиқгардонидани меъёри моддаи 506 Кодекси мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ он дар таҳрири нав пешниҳод гардид, ки риоя накардани тартиби муқарраргардидаи таъмини низоми махфият, бе рухсатномаи дахлдор иҷро намудани фаъолияте, ки ба сирри давлатӣ алоқаманд аст, инчунин барои беасоси қонунӣ махфигардонии маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ намебошад, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
Ҳамзамон ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи Қонуни мазкур 7 таклифу пешниҳод манзур шуд, ки 6 — тои онҳо пурра ва қисман вориди лоиҳа гардиданд ва 1 тои дигар пазируфта нашуд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






