Парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» -ро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» — имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки дар ҳузури Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардид.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода зимни тавзеҳи ин санад гуфт, ки ҳадафи имзои созишномаи мазкур муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таъмини фаъолияти (истифодабарии) мунтазами сарбанди Фарҳод мебошад.
Созишнома масъалаҳои даровардан ва баровардани нақлиёт, таҷҳизот ва масолеҳи тарафи ӯзбекистонӣ, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами иншоот заруранд, нигоҳдории сатҳи зарурии об дар иншоот барои устувории обгирӣ тибқи меъёри обгирии дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ муқарраргардида, риояи реҷаи бехатарии истифодабарӣ ва хароҷоти вобаста ба таъмини фаъолияти иншоотро ба танзим медарорад.
Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукиро низ баррасӣ намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






