Парвозҳо аз Фурудгоҳи шаҳри Бохтар ба Федератсияи Россия оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Парвози ҳавопаймоҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон пас аз танаффуси чандмоҳа аз сари нав шурӯъ гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» сармуҳосиби Фурудгоҳи байналхалқии Бохтар Зубайдулло Сангалиев иттилоъ дод, имрӯз дуюмин парвоз аз тарафи ширкати “Икар”-и Федератсияи Россия амалӣ карда шуд. Ба иттилои манбаъ, айни ҳол парвозҳо байни пойтахти Россия ва шаҳри Бохтар дар як ҳафта 4 маротиба ба назар гирифта шудаанд.
Зикр гардид, ки аз аввали моҳи апрел аллакай ду парвоз ба самти Москва амалӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






