РАЁСАТИ БДА ВКД: ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мошинҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда сафар накунед!
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш ва талаб менамояд, ки бо мошинҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар накунанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиётие, ки ба Ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя — Ӯзбекистон сафар менамоянд, эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар меъёрҳои амалкунандаро риоя ва итоат намоянд», — омадааст дар хабари Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, сафар намудан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мошинҳои шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда қатъиян манъ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






