То охири мавсими кишти баҳорӣ дар Ваҳдат дар 3000 гектар сабзавот кишт менамоянд

Апрель 10, 2018 15:24

ВАҲДАТ, 10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҳама шаклҳои хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ваҳдат чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, кишти баҳорӣ бо маром идома дорад.

Тавре масъулини Идораи кишоварзии шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд,  соли 2018  бояд дар заминҳои кишоварзии шаҳр тибқи дурнамо 12 700 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронанд. Тибқи маълумоти  оморӣ, кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар фасли тирамоҳ дар 5799 гектар зироат коштанд, ки 126 фоизро ташкил медиҳад.  Онҳо ҳамчунин  азм доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ дар 9004 гектар кишти баҳорӣ, аз ҷумла, дар 1750 гектар ғалладонаю лубиёгӣ, 1000 гектар пахта, 1000 гектар картошка, 3000 гектар сабзавот ва дигар намуди зироат кишт намуда,  ҳосили фаровон ба даст оранд.

Деҳқонони шаҳри Ваҳдат то имрӯз аз ҳавои мусоид истифода намуда, дар майдони 2703 гектар, аз ҷумла, 589 гектар картошка, 641 гектар сабзавот ва дигар намуди зироатро кишт намудаанд. Ҳоло кишти зироати баҳорӣ хуб идома дорад. Деҳқонон бояд то охири мавсим дар  3000 гектар сабзавот кишт намоянд.

Дар шаҳри Ваҳдат 13673 гектар майдони умумии замин мавҷуд аст, ки аз он 9874 гектар замини корами обӣ ва 3799 гектар замини корами лалмӣ мебошад. Аз сабаби он ки майдонҳои замини шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби дарёи Кофарниҳон имконияти 100 фоиз обёрӣ шудан доранд,  имсол чун дигар ноҳияҳо нақшаи кишти баҳорӣ дар шаҳри Ваҳдат 50 фоиз зиёд карда шуд.

Сармуҳандиси идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Ваҳдат Файзалӣ Наҷмиддинов гуфт, ки дар ҳудуди шаҳр 9 адад каналу наҳрҳои худҷорӣ мавҷуданд, ки дарозии онҳо 206 километр буда, ба воситаи онҳо 8571 гектар замин обёрӣ мешавад. Хушбахтона, соли равон аз ҳисоби амалишавии барномаҳои хориҷӣ ва маблағҳои худӣ каналу наҳру ҷӯйборҳо пурра тоза карда шуданд ва имконияти ба таври пурра обёрӣ кардан пайдо шуд.

Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр 10 адад пойгоҳҳои обкашӣ  вуҷуд доранд, ки аз он 5 адад коршоям буда, ба воситаи онҳо 2078 гектар замини корам обёрӣ мешаванд.  Аз сабаби корношоям гардидани 5 адад пойгоҳи обкашӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва набудани маблағҳои зарурӣ барои таъмири онҳо 2247 гектар замини корам обёрӣ намегардад.

Тибқи иттилои масъулини шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди шаҳр 774 адад тракторҳои гуногунтамға, 331 адад ядакҳои тракторӣ, 24 адад тухмипошакҳо, 412 адад испорҳои тракторӣ ва 325 адад нармкунакҳо мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо коршоям буда, имрӯзҳо дар хизмати кишоварзони шаҳр  қарор доранд.

 

Апрель 10, 2018 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад