Вохӯрии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар ниҳоду сохторҳои пойтахт

Апрель 21, 2018 13:21

ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе — Плаза» вохӯрии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр,  барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар ниҳоду сохторҳои пойтахт доир гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар оғоз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  иштирокдорони ҷамъомад ва дар симои онҳо тамоми сокинони пойтахтро ба муносибати Рӯзи пойтахт табрику шодбош гуфта, таъкид намуд, ки давоми солҳои охир пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе тавассути фаъолияти дастаҷамъона ва аҳлона ба дастовардҳои беназир дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил шуда, рушду пешрафти босуръату босифати он дар ҳамаи соҳаҳо таъмин мегардад. Аз ҳозирин ва сокинони пойтахт даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва саҳм гузоштан дар  рушду тараққиёти шаҳр фаъолияти худро дучанд намоянд.

Ҳамчунин Раиси шаҳр ҳозиринро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва табдил додани пойтахт ба яке аз шаҳрҳои пешрафта ва муосири дунё ҷалб кард.

Пас аз анҷоми суханронии Раиси шаҳри Душанбе маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмунҳои соҳавии шаҳрӣ ва барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мақсуда Муродова дар номинатсияи «Директори сол – 2017», муаллимаи фанни таърихи муассисаи таълимии «Гимназияи №74»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шоева Дилбар дар номинатсияи «Омӯзгори сол – 2017», коллективи синфи 9 «г»-и литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва роҳбари синф Бегматов Зуҳурбек Рӯзибоевич дар номинатсияи «Синфи беҳтарини сол — 2017», Шарифзода Баҳром ва Наимова Моҳлиқоб волидайн аз литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансур дар номинатсияи «Волидайни беҳтарини сол – 2017», кӯдакистони №17-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Кучарова Ҳусния дар номинатсияи «Кӯдакистони сол – 2017», мудири кӯдакистони №130-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродова Заррина дар номинатсияи «Мудири кӯдакистони сол – 2017» ва мураббии кӯдакистони №98-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исмонова Матлуба дар номинатсияи «Мураббии сол – 2017» ғолиб дониста шуда, бо мукофот ва дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин дар асоси ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои соҳаи тандурустӣ, коллективи кормандони Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиники шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона» ҳамчун беҳтарин «Беморхонаи сол-2017», коллективи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳри №13» беҳтарин «Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол-2017», табиби ҷарроҳ, мутахассиси таҳлили фаросавтии «Маркази тиббии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» Зокир Нуров   беҳтарин «Табиби сол-2017», табиби оилавии Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №8» Ҳамидулло Исматов  беҳтарин «Табиби оилавии сол-2017» ва ҳамшираи тиббии «Маркази саломатии шаҳрии №1» Файзигул Маҳмадуллоева   беҳтарин «Корманди миёнаи тиббии сол-2017» дониста шуда, бо мукофот ва дипломҳо сарфароз гардиданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин барои фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба кормандони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои чаҳор ноҳияи пойтахт: Меҳринисо Қурбонова   — корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Гулрухсор Фатҳуддинова   — корманди Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Фирӯза Назарова — корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Оля Қурбонова — корманди Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мукофотҳо тақдим карда шуданд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин ғолибони озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол-2017» муайян гардиданд. Подполковники милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №6 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум, подполковники милитсия, нозири минтақаи хизмати маъмурии №12 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мустафо Қурбонов    соҳиби  ҷойи 2 ва Амирхон Одинаев   — майори милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №1 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардида, бо мукофот ва дипломҳо қадр гардиданд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти ботантана ба 172 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе  стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2017-2018-ро тақдим намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ барандагони стипедияи Раиси шаҳри Душанбе    Шукрона Асламова ва Шоҳрух Забиров иброз намуданд, ки имрўз Душанбе — шаҳри умеду ормонҳо ва ягонагиву ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони тамоми ҷаҳон гардидааст ва ба чунин дастовардҳо ноил гардидан, дар як муддати кутоҳ куллан симои дигар гирифтани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ва дар ҳақиқат ба маскани зебогиву фараҳмандӣ табдил ёфтани он маҳз бо роҳнамоиву ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзиву фаъолияти созандаи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ба амал омадаанд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамаи ғолибонро ба ифтихори Рӯзи пойтахт табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар рушду инкишофи бахшҳои гуногуни ҷомеа ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ муваффақият орзу намуд.

Апрель 21, 2018 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
Шаҳрҳои Душанбе ва Нарваи Эстония ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳанд
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад