Заврақронони навраси тоҷик дар Ӯзбекистон ва Испания зинаҳои ифтихориро соҳиб гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ду хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мусобиқаҳои заврақронӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва давлати Испания иштирок намуда, яке мақоми аввал ва дигаре роҳхат ба олимпиадаи байналмиллалиро ба даст оварданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, хонандаи синфи 11-и МТМУ №7-и шаҳр Даврон Ахмедов дар мусобиқаи заврақронии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни наврасони Осиёи Марказӣ иштирок карда, мақоми аввалро соҳиб гардид.
Ҳамчунин хонандаи синфи 9-и муассисаи мазкур Саидилҳом Назиров дар мусобиқаи заврақронӣ дар давлати Испания ширкат варзида, роҳхати олимпиадаи байналмиллалӣ байни наврасонро, ки дар Германия баргузор мегардад, ба даст овард.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






