Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби Президенти АИ Тоҷикистон: «Аз давлат ҷудо будани дин ҳаргиз маънои аз назорати давлат, ҷомеа ва қонун берун қарор доштани фаъолияти ташкилотҳои диниро надорад»

Май 23, 2018 10:23

ДУШАНБЕ, 23.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 май, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе доир гардид ва муҳимтарин   масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ  ва ҷаҳонро дарбар гирифт, миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа, бахусус зиёиёни мамлакат   ҳамовозӣ   ба амал овард.

Дар робита ба  ин  мавзӯъ ноиби Президенти АИ Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  андешаҳояшро чунин баён дошт:

Муҳтавои  асосии  суханронии Пешвои миллат дар ин мулоқот, пеш аз ҳама, ҳимояи арзишҳои динию мазҳабӣ, эҳтироми якдигар, раҳму шавқат, кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ва  сабру таҳаммулпазириро, ки аз арзишҳои қадимии миллати мо маҳсуб мешаванд,  дарбар  мегирад.

Сарвари давлат ҳамчунин  масъалаҳои вазъи  тағйирёбии иқлим, муносибати  нодуруст  ба сарватҳои  табиӣ  ва  низоъҳои замони муосирро  баррасӣ намуда, дар мавриди  камбудиву  норасоиҳои ҷойдошта ибрози андеша намуданд.  Зимни шарҳи вазъи ҷаҳон Президенти мамлакат, аз ҷумла, иброз доштанд, ки: «Ҳар сол  танҳо бо сабаби  норасоии  оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор  кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа  як кӯдаки навзод   аз бемориҳои  сироятии вобаста ба норасоии  оби тоза ва муҳити  пок  ба ҳалокат  мерасад… Танҳо дар давраи ҷанги  Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи  муҳоҷирони  дохилӣ  ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст».

Пешвои миллат ҳамзамон ҳамватанони моро ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ даъват намуда,  ишора намуданд, ки  «кишварҳои абарқудрати ҷаҳон  барои аз нав  тақсим  кардани  дунё ва неъматҳои моддӣ  дар ҳолати  ҷанги сард  қарор доранд. Аз ин рӯ, ҳама  тамоми   хавфу  таҳдидҳои  нави ҷаҳонӣ  ба мавҷудияти  тамаддуни  инсонӣ  хатар эҷод менамоянд, ки  албатта боиси таассуфи  тамоми мардуми  ҷаҳон  мебошад».

Ба андешаи мо,  маҳз бо   мақсади вазъи ногувори  ҷаҳони муосир  Пешвои миллат  дар  суханрониашон бо намояндагони  табақаҳои гуногуни  ҷомеа тавассути  корҳои  тарбиявию маърифатӣ  ва  ҷиҳати ислоҳи  баъзе  мушкилоту норасоиҳо изҳори ақида намуданд. Дар баробари ин,  масъалаи  такмили одобу ахлоқ,  фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, парҳезу  накукорӣ ва дигар   арзишҳои маънавиро барои ҷомеаи мо   бештар   тарғибу ташвиқ  намуданд.

Сарвари давлат инчунин воқеъбинона зикр намудаанд: «Ба номи дини мубини ислом анҷом додани  амалҳои террористиву ифродгароӣ имрӯз ба як  зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Назари  қотеъонаи  мо ин аст, ки ислом  набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом  дини мо, эътиқоди мо ва  манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои  ташаккули  рӯҳи инсон ва  покизагии  рӯзгори ӯ хизмат намояд».

Дарвоқеъ, сиёсати давлати  Тоҷикистон имрӯз  оид ба дин дар пояҳои озодии виҷдон, таҳаммулпазирӣ, гуногунфикрии ақидавӣ, эҳтиром ба ҳама дину оинҳо дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда асос ёфтааст. Аз байн рафтани идеологияи замони шуравӣ, бунёди босуръати масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ, дар ин замина боло рафтани нақш ва мақоми иттиҳодияҳои динӣ, афзоиши нуфузу эътибори шахсиятҳои динӣ боис гашт, ки таваҷҷуҳи  мардум  аз як ҷониб  ба дину  диндорӣ якбора афзоиш ёфт, аз ҷониби дигар гурӯҳҳои нави ифротӣ ба миён омаданд .

Аммо дар  ин раванд шахсиятҳо ва гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки бо сӯиистифода аз неъмати соҳибистиқлолӣ, аз озодии комил ва мушкилоти муваққатии  иқтисодиву  иҷтимоии мардум кӯшиш ба харҷ доданд, то ки ин  ҳуқуқу озодиҳоро бо мақсадҳои ғаразноки худ  исти­фода  намоянд.

Мутаассифона, имрӯз  дар зери парчамҳои динӣ   дар ҷаҳон  майдони васеи густариши ин анъанаву идеяҳо ба таълимоту ҷараёнҳои гуногуни динӣ пайвастааст,  чуноне, ки  дар  суханронӣ  зикр гардид: «исломро ба василаи мубориза барои қудрат  табдил медиҳанд ва даъвои  ҳукумати  ба ном  исломӣ  доранд, бехабаранд, ки  дар ин роҳ  имон, эътиқод ва  виҷдонашонро  бо ғаразҳои  нопок  омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи  инсони комилро аз даст  медиҳанд».        Ин гурӯҳҳои террористӣ  дар чанд соли охир  ба дини мо  ва тамаддуни исломӣ  чунон зарари  маънавию ҷонӣ  расронидаанд, ки  таърихи башариат намунаашро  ёдовар  шуда наметавонад.

Инчунин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз нуфузи идеологияи динӣ  фаъол ва дар  афзоиш аст.   Мақсадҳои асосии геополитикии ҳизбу равияҳои динии дар Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизби наҳзат», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Сала­фия», «Таблиғ» ва амсоли онҳо бобати дар ҳудуди Осиёи Марказӣ таъсис додани давлати исломии  Хилофат аз байн нарафта, балки боз ҳам авҷ гирифта истодааст. Тақвияти ин гуфтаҳо  вазъи кунунии  Афғонистони ҳамсоя  ва ҷамъ шудани  толибону дигар  шикастахӯрдагони давлати бо ном исломӣ мебошад. Дар марҳалаи ҳозира байни онҳо алоқамандии шабакавӣ ба таври рӯйпӯш ҷой дошта, мададгори якдигар мебошанд. Нуфузи онҳо аз вуруди бенизоми миқдори ниҳоят калони адабиёти мазҳабӣ ва маводи электронӣ, видеоӣ ва аудиоии дорои хусусияти таблиғотӣ, ки дар солҳои охир аз ҷониби намоян­дагони равияву мазҳабҳои навзуҳури исломӣ ба роҳ монда шудааст ва бо истифода аз масҷид, матбуот ва диску фиттаҳои аудиовизуалӣ торафт зиёдтар ва устувортар шуда истодааст.

Аз ин рӯ, Сарвари  давлат бо таассуф дар  мулоқот бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар ба муносибати  фарорасии моҳи шарифи Рамазон  изҳор доштанд, ки  «баъзе гурӯҳҳо аз мусулмонони олам ба ҷойи  ҳалли  масъалаву мушкилоти зиндагиашон ва кӯшиш ба сӯйи пешрафту тараққиёт бо дастони хеш  ҳаёташонро вазнинтар мекунанд ва кишварҳояшонро  ба майдони  ҷангу нооромиҳо ва ихтилофҳои мазҳабӣ  табдил дода, худро  бозичаи дасти  душманони хориҷӣ мегардонанд ва ба  афзоиши рӯҳияи исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат мекунанд».

Ташвишовар  ин  аст, ки зери пардаи дини мубини ислом созмонҳои иртиҷоӣ, террористие паноҳ меба­ранд, ки амалҳои онҳо барои ноором сохтани ҷомеа, суст кардан ва дар ниҳояти кор аз байн бурдани сохти конститутсионӣ мебошад. Дар асоси гуфтаҳои боло бояд ба хулосае омад, ки омили исломи сиёсӣ рӯз то рӯз  ба таҳдиду хатари ҷиддӣ барои ҳаёти осоиштаи шахсият, ҷомеа ва давлат табдил меёбад.

Дар натиҷа масъалаи ниҳоят муҳими сиёсӣ — мустаҳкам намудани обрӯ ва нуфузи сиёсати давлатӣ дар ҷомеа, тавассути рӯҳониён ва ҷонибдорони дин  то ҷое аз мадди назар дур мондааст. Инро ба назар гирифта  Пешвои миллат  гуфтанд, ки   «дар давоми чанд соли  охир  23 нафар хатибон  ва  ноибони хатибон, ки  аъзои ниҳодҳои  террористиву ифродгароӣ  буданд, дастгир  шуданд».

Бояд дар назар дошт, ки аз давлат ҷудо будани дин ҳаргиз маънои аз назорати давлат, ҷомеа ва қонун берун қарор доштани фаъолияти ташкилотҳои диниро надорад. Мо бояд вобаста  ба  вазъи  ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ  зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории  миллату кишварамон заминаҳои мусоид фароҳам намоем.

 

Май 23, 2018 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд