Акрамшо Фелалиев: «Мо аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Марокаш дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ қаноатмандем»
ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Мо аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Марокаш дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва Форуми ҳамкории иқтисодии арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойон изҳори қаноатмандӣ менамоем». Чунин иброз намуд муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷалил Саубри.
А.Фелалиев инчунин афзуд, ки муносибатҳои дуҷониба бо Марокаш яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд ва Тоҷикистон хостори густариши ҳамкорӣ бо ин кишвари арабӣ аст.
Зикр гардид, ки табодули тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Марокаш ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва бинобар ин, имконоти мавҷудаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ бояд самаронок истифода бурда шаванд.
Мусоҳибон ҳамчунин масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯстро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахши энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






