ҒАЛАБА МУБОРАК! «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин дидор дар шаҳри Балканободи Ашхободи Туркманистон дар ҳузӯри мухлисони сершумор баргузор гардид. Фатҳулло Фатҳуллоев бозингари дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар дақиқаи 51-ум голи ягона дидори мазкурро ба ҳадаф расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон 7 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Аз рӯи натиҷаҳои 5 давр дастаи футболи «Истиқлол» бо 13 имтиёз садрнишини гурӯҳи «D» мебошад.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






