Алекен Еминбахэ ба Тоҷикистон меояд

Май 22, 2018 11:48

ДУШАНБЕ, 22.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ,  23 май  муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ бо сафари расмӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар назар аст, ки  Алекен Еминбахэ  бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот  намояд.

Тибқи иттилои манбаъ, инчунин муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ  аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз» ва Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»,  майдони  «Дӯстӣ»,  Боғи Устод Рӯдакӣ,  Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.

 

Май 22, 2018 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд