АЗ ОНҲО ҲАМАГӢ 338 НАФАР БОҚӢ МОНДААНД. Қаҳрамонии падарону бобоёни шарафманд, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ҷон нисор кардаанд, аҳамияти худро ҳаргиз гум нахоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 09.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 9 майи соли 2018 ба муносибати 73 — юмин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаи пуршукӯҳ доир гардид. Хабарнигори АМИТ Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории ин чорабинӣ гузориш медиҳад.
Иди Ғалабаро собиқадорони ҷанг ва меҳнаткашони ақибгоҳ, ки имрӯз барои онҳо фаромушнашаванда ва бисёр азиз аст, бо рӯҳи болида истиқбол гирифтанд. Дар сари синаи ҳар яки онҳо ордену медалҳо барои корнамоӣ ва меҳнати шуҷоатноку диловаронаашон овехта шуда буд Ва ҳар кадом бо ифтихор дар бораи онҳо қисса мекард.
Иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон Хаскаш Абдуллоев ва Ҳусейн Эшонов аз қабили онҳое ҳастанд, ки дар торумор кардани фашистон дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталинград ва сарзамини Беларус диловарона иштирок карда, бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштаанд.
«Ҳафтоду се сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ расид, ки хурсандии мо ҳадду канор надошт. Бояд гуфт, ки ин ҷанги даҳшатнок таъсири худро ба рӯзгори ҳар як хонадони мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон гузошт. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавонмардон ба ҷабҳаи набардҳои хунин рафта, дигар барнагаштанд. Бародари ман Ҳасан Эшонов низ аз ҷумлаи нафароне буд, ки корнамоиҳои бемисл нишон дода, қаҳрамонона ҳалок гардид»,-нақл кард Ҳусейн Эшонов.
Хаскаш Абдуллоев мегӯяд корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд. Зеро омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Бо нишони қадрдонии диловарию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд.
Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Қудратов зикр намуд, айни замон дар Тоҷикистон 338 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон боқӣ мондаанд, ки зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Ба нақли номбурда, иштирокчиёни дар қайди ҳаётбуда пайваста аз кумаку дастгириҳои Давлату Ҳукумат ва соҳибкорони хайрхоҳ бархӯрдоранд.
Имсол низ чун солҳои пешин дар арафаи Иди Ғалаба ба кулли собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳо, соҳибкорон, донишгоҳу донишкадаҳо, таълимгоҳҳои миёнаи махсус кумаки моддиву маънавӣ расонида шуд.
Солҳо мегузаранд, наслҳои дигар меоянд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷонбозӣ карда, ҷон нисор кардаанд, аҳамияти худро ҳаргиз гум нахоҳанд кард.








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






