Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия доктор Маҳатҳир Муҳаммад

Май 14, 2018 18:50

ДУШАНБЕ, 14.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия доктор Маҳатҳир Муҳаммад барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Малайзия қабул фармоед.

Боиси қайд аст, ки маҳз дар замони сарвазирии Шумо солҳои 1982-2003 кишвари дӯсти Малайзия мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро паси сар карда, ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва ба яке аз давлатҳои зуд рушдёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гашт.

Мо ба ояндаи неки равобити ҳасана бо Малайзия итминон дорем ва дар чорчӯби татбиқи сиёсати хориҷии худ барои рушду густариши онҳо пайваста саъю талош хоҳем кард.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо ба ҳайси роҳбари ҳукумат ҳамкорӣ ва шарикии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Малайзия сатҳи сифатан навро касб намуда, ба пояҳои баландтар хоҳанд расид.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комилу саодат, дар иҷрои вазифаҳои сермасъулатон пирӯзиҳои навин ва ба кишвари дӯсти Малайзия хушрӯзӣ ва шукуфоии рӯзафзунро орзу дорам».

 

Май 14, 2018 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»